Алоқамандии минтақавию истеҳсолӣ дар саноат

0
10

Ин тамоил дар тамоми давраҳои ташкили оқилонаи минтақавии саноат яке аз масъалаҳои муҳими инкишофи хоҷагии халқ ба ҳисоб мерафт. Дар шароити афзоиши баланди истифодаи хелҳои гуногуни сарватҳои табиӣ дар истеҳсолот ин масъала аҳамияти куллӣ пайдо мекунад. Чунки оқилона ташкил намудани истеҳсолот нафақат кори самараноки саноат, инчунин тамоми хоҷагии халқро таъмин менамояд. Аз ин рӯ, дар рафти инкишоф додани саноат пеш аз ҳама ба ташкили минтақавии он диққат дода мешавад. Мувофиқи ақидаи Колосовский Н.Н. «дар зери он мафҳум бояд бо ҳам вобастагӣ (тобеиятӣ), бо ҳам пайвастагии корхонаҳои истеҳсолӣ ва мавзеи аҳолинишини марзи маҳдуд (комплекси маҳаллӣ) ва ё марзи ноҳияи иқтисодӣ ё зерноҳия (комплекси ноҳиявӣ) дар назар дошта шавад. Аммо чунин бо ҳам алоқамандӣ дар асоси ба ҳисоб гирифтани шароит ва омилҳои муайян ташаккул меёбад. Ба ин пеш аз ҳама шароити табиӣ, ба қадри кофӣ мавҷуд будани сарватҳои табиӣ ва захираҳои меҳнатӣ, техника, нақлиёт, тарзи истифодабарии онҳо ва мавқеи қулаи географӣ дохил мешаванд. Ин омилҳо сабаби дар марзи алоҳида ташаккул ёфтани ин ё он намуди корхонаҳои саноатӣ мегардад, ки дар байни худ робитаи муайян доранд.

Дар ин ҳолат мавриди сохтани корхонаҳои саноатӣ ва бо ҳам алоқамандии онҳо диққати асосӣ дода мешаванд. Асоси он алоқамандиро муштариконии истеҳсолот ташкил менамояд. Вай ду хел мешавад: амудӣ ва «уфуқӣ». Муштариконии амудӣ дар доираи як корхона мушоҳида карда мешавад. Он тамоми ҷараёни технологӣ, яъне тайёр намудани ашёи хом, коркард ва истифода бурдани партовро дар бар мегирад. Аксари корхонаҳо дар асоси ҳамин намуди муштариконӣ кор мекунанд. Мисол, комбинати ордкашӣ ва қолинбофии шаҳри Қайроқум.

Загрузка...

Муштариконии уфуқӣ (горизонталӣ) дар асоси васеъ инкишоф ёфтани муштариконӣ ва кооперативонии истеҳсолот дар дохил ва байни соҳаҳо ба миён меояд. Яъне ин намуди муштариконӣ корхонаҳои соҳаҳои гуногуни истеҳсолотро дар бар мегирад. Чунончи, тайёр ва коркарди пахта, истеҳсоли матоъ ва чизҳои дӯхта.

Ҳамин тавр, ташаккулёбии бо ҳам вобастагии минтақавию истеҳсолӣ дар байни корхонаҳои гуногун тамоили ҳозираи ташкили қаламравии саноат мебошад. Чунин тарзи ташкили саноат аҳамияти калони иқтисодӣ дорад. Таҷриба нишон медиҳад, ки самараи иқтисодии корхонаҳои саноатии дар марзи муайян бо ҳам вобаста сохта шуда нисбат ба корхонаҳои алоҳида сохта баланд аст. Ин дар натиҷаи якҷоя истифода бурдани ашёи хом, базаи сохтмон, сӯзишворӣ, энергия, нақлиёт, захираҳои меҳнатӣ, марзи корхона, муассисаҳои хизматрасон ва бартарии кооперативию муштариконии истеҳсолот ба даст оварда мешавад. Аммо чунин бо ҳам вобастагии корхонаҳои саноатӣ на ба ҳама соҳаҳои дар ин ё он марз ҷой гирифта хосанд. Корхонаҳои баъзе соҳаҳо бо якдигар робитаи истеҳсолӣ-технологӣ надоранд ва дар баъзе соҳаҳо бо алоқаи умумииқтисодӣ (ягонагии қаламравӣ, истифодабарии қувваи корӣ, манбаи энергия, об, хатти алоқа, муассисаҳои маданӣ-равшаннамоӣ ва ғайра) роли асосӣ мебозанд. Аз ин рӯ, корхонаҳое, ки дар заминаи робитаҳои иқтисодӣ-технологӣ ва умумииқтисодӣ ба ҳам пайвастагӣ доранд, дар саноат мувофиқан ду шакли қаламравию истеҳсолӣ бо ҳам алоқамандро ба амал меоранд: гурӯҳи саноатӣ ва комплекси саноатӣ.

Гурӯҳи саноатӣ гуфта, чунин бо ҳам вобастагии қаламравию истеҳсолии корхонаҳоро меноманд, ки асоси бо ҳам вобастагиро алоқаҳои умумииқтисодӣ, яъне якҷоя истифода бурдани нақлиёт, воситаҳои техникии хизматрасон ва ғайра ташкил менамояд. Ба ин дар як маҳал ҷойгир шудани корхонаҳои соҳаҳои гуногун (заводи пахта, фабрикаи дӯзандагӣ, заводи хишт, нонпазӣ, ширакоркунӣ) мисол мешавад.

Асоси комплекси саноатро робитаҳои истеҳсолӣ-технологии коркарди ашёи хом, партов ва якҷоя истеҳсол намудани маҳсулоти тайёр ташкил менамояд. Мисол: тайёр ва коркарди ибтидои пилла, ресидан, калобакунӣ, бофандагӣ, рангуборкунӣ, коркарди партов ва ғайра. Ҳамин тавр, бо ҳам вобастагии минтақавию истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ дар зери таъсири алоқаи мутақобилаи иқтисодиёт, техника ва табиат ташаккул ёфтааст ва асоси ташкили қаламравии саноатро ташкил менамояд.