Мафҳуми алгоритм. Хосиятҳои алгоритм

Дар компютерҳои фардӣ яке аз масъалаҳои асосӣ сохтани барнома мебошад. Барои сохтани барномаи ҳалли ягон масъала бояд аввал алгоритми он тартиб дода шавад. Баъд дар асоси алгоритми тартибдодашуда бо истифода аз ягон забони барномаронӣ коди он сохта мешавад, ки барнома ва ё коди барнома номида мешавад.

Бо мафҳуми алгоритм одамон дар ҳар қадам дучор меоянд, аммо ба он эътибор намедиҳанд. Таърифи алгоритм чунин аст:

Пайдарпаии амалҳои мақсадноке, ки иҷро карда шудани онҳо ба ҳалли масъала меоваранд, алгоритми ҳалли масъала номида мешавад.

Яъне ҳар он коре, ки мо дар зиндагӣ мекунем, аз рӯи алгоритме иҷро карда мешавад. Масалан, пухтани хӯрок, сохтани ягон асбоб, сохтани хона аз рӯи нақша, пӯшидани фарши хона ва ғайраҳо.

Калимаи алгоритм аз талаффузи лотиникардашудаи номи математики бузурги қарни IX –Алхоразмӣ пайдо шудааст.

Ин мафҳум дар аввали пайдоишаш ҳамчун қоидаи иҷрои амалҳои арифметикӣ барои ададҳои бисёррақама фаҳмида мешуд.

Аз нуқтаи назари Алхоразмӣ миқдори қадамҳои алгоритм охирнок ва беохир мешаванд. Ҳоло барои ин ду ҳолат мисолҳо меорем. Масалан, барои гирифтани натиҷаи тақсими адади 77 ба 7 дар расми зер алгоритми охирнок пешниҳод шудааст. Дар расми дигар бошад, алгоритми беохири натиҷаҳои тақсими адади 10 ба 3 пешниҳод шудааст

Алгоритм аз рӯи сохтор се хел мешавад: алгоритми хаттӣ, шоханок (шартӣ) ва даврӣ.

Хосиятҳои алгоритм.

1.Дискретӣ – тақсимкунии алгоритм ба марҳалаҳои (қадамҳои) алоҳидаи охирнок.

2.Аниқӣ – аз рӯи тартиби муайян ва мушаххас иҷро гаштани қадамҳо.

3.Детерминантӣ(муайянӣ) – фаҳмо ва қобили қабул будани ҳар як қадам барои иҷрочӣ.

4.Натиҷанокӣ – пас аз иҷрои ҳамаи қадамҳо ҳатман соҳиби натиҷаи зарурӣ шудан.

5.Оммавӣ – истифодаи алгоритм барои ҳалли синфи масъалаҳои навъи якхела.

Таъминоти барномавии компютер. Компютер бе истифодаи барнома ягон амалро иҷро карда наметавонад. Барномаҳо дар хотираи компютер ҷойгир карда мешаванд. Як барномаро бо барномаи дигар иваз намуда, компютерро барои ҳалли масъалаи тамоман дигар истифода бурдан мумкин аст.

Тарзи иҷрои компютерии барнома чунин аст. Аввал протсессор барномаро аз хотираи беруна (масалан, винчестер) ба хотираи фаврӣ ҷеғ мезанад. Пас аз он фармонҳои барномаро пай дар пай мехонад ва бо додаҳое, ки барои иҷрои ин фармонҳо лозиманд, амалҳои заруриро иҷро менамояд. Баъд натиҷаи ҳосилшударо аз хотираи фаврӣ ба хотираи беруна мефиристад.

Маҷмӯи барномаҳои дар хотираи компютер маҳфузбуда таъминоти барномавии компютерро ташкил медиҳад.

Таъминоти барномавии компютерҳои муосир ҳазорҳо барнома, аз қабили бозиҳои компютерӣ, барномаҳои коркарди матнҳо, ҷадвалҳои электронӣ, пойгоҳи додаҳо, барномаҳои хидматӣ ва ғайраро дар бар мегирад.

Барои ба воситаи компютер иҷро намудани алгоритмҳо забонҳои махсуси алгоритмӣ эҷод шудаанд. Онҳоро забонҳои барномарезӣ мегӯянд. Яке аз чунин забонҳо Фортран (Fortran: Formula Translator – тарҷумони формулаҳо) ном дошт, ки дар охири солҳои 50-уми асри ХХ пайдо шудааст. Забони дигаре, ки дар пешрафти илми информатика ва пайдоиши дигар забонҳои барномарезӣ таъсири калон расонидааст, Алгол-60 (Algol: Algorithmic Language – забони алгоритмӣ) ном дошт, ки вай солҳои 60-уми асри гузашта эҷод шудааст. Забонҳои дигари барномарезӣ Ассемблер, Ада, Бейсик, Кобол, PL/1, Паскал, Си, Visual Basic, JAVA, С++ ва ғайра мебошанд.


Калидвожаҳо: Алгоритм маълумоти точики, Тарзхои тасвири алгоритм, Хосиятхои алгоритм, реферат, кори курси, маводхои точики, забони барномасози, аввалин забони барномасози, Мафхуми алгоритм, алгоритм чист?, намудхои алгоритм, алгоритм чи тавр тасвир карда мешавад?

Шарҳ баста аст.