АФСОНА ЧИСТ?

0
40

Афсона яке аз жанрҳои қадимии эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Бисёр муҳаққиқони фолклоршинос пайдоиши жанри афсонаро ҳанӯз ба оғози ҷамъияти ибтидоӣ нисбат додаанд.

Загрузка...

Афсонаҳои қадим мувофиқи тахайюлоти оддии одамон дар бораи ҳодисаю воқеаҳои хаёлангез ва дур аз хақиқат эҷод шудаанд. Дар онҳо деву аҷина ва дигар ашёҳое, ки халқ парастиш мекард, амал менамуданд. Минбаъд афсона дар эҷодиёти халқ, ҷои асосиро ишғол намуда, аз ҳар ҷиҳат инкишоф меёбад.

Чунон ки муаллифони «Луғати истилоҳоти адабиётшиносӣ» қайд кардаанд: «Халқи тоҷик дар афсонаҳои худ қаҳрамониҳои мардуми меҳнаткаш, адолат, вафодорӣ, садоқат ва дигар хислатҳои неки инсониро тараннум кардааст. Дар афсонаҳои ҳаҷвӣ ба ҷуз ҳазлу шухиҳои латиф, зулму ситам, бедодӣ, хасисӣ, фиребу макри давлатмандон, аҳли дин ва дигар намояндагони табақаҳои ҳукмрон ба зери танқиди сахт гирифта шудаанд».

Афсонаҳои тоҷикӣ ба панҷ навъ тақсим шуда, маъмултаринашон афсонаҳои тилисмотӣ ва ҳаҷвӣ ба шумор мераванд.

Намуди қадимтарини жанри афсона — афсонаҳои тилисмотӣ ё ба тариқи дигар гӯем, афсонаҳои сеҳрангез ба ҳисоб мераванд. Дар ин гуна афсонаҳо, халқ аз ҳодисаҳои ҳайратангез, фавқулодда, ки бештар дар тасаввури одамон пайдо мешаванд, нақл мекунад. Қаҳрамони ин намуд афсонаро дев, аҷина, гул ва паҳлавонони ҷасур, ки ба муқобили онҳо мубориза мебаранд, мебошанд. Ин намуди афсонаҳо аз ҷиҳати сохти композитсионӣ, яъне устухонбандӣ ё усули нигориш ба дигар намудҳои афсонаҳо шабоҳат доранд.

Аксарияти афсонаҳои тоҷикӣ ба тариқи зерин cap мешаванд: «Буд набуд як подшоҳ буд, вай се писар дошт…», «Дар замонҳои хеле қадим як марди бечорае буд…» ва монанди ҳамин. Афсонаи «Эраҷи тилисмшикан», ки ба гурӯҳи афсонаҳои сеҳрангез дохил мешавад, ба тариқи зайл оғоз меёбад: «Дар яке аз мамлакатҳои Шарқ марди ҳунарманде буд, ки Хирадманд ном дошт. Вай дар Хатлон зиндагӣ мекард. Чанде нагузашт, ки ӯ дар ҷанги деву турониён асир гардид ва аз вай дигар хабаре нашуд. Вай як писар ва чор духтар дошт».

Афсонаҳои тоҷикӣ хотима доранд, ки хотимаи ҳар кадоми онҳо мувофиқи мазмун андаке тагйир меёбад. Вале як ҷиҳати муҳими хотимаи афсонаҳо, пеш аз ҳама, дар он аст, ки дар онҳо қаҳрамони дӯстдоштаи халқ ҳамеша аз болои ҳар гуна амалиёт ғалаба мекунад, душманро шикаст медиҳад. Зеро ин орзую омоли халқ буд ва халқ орзуи худро дар зимни ҳамин гуна образҳои офаридааш: Эраҷ, Кали Зирак, писари подабон ва ғайра инъикос менамуд. Аз ин ҷост, ки дар хотимаи афсонаҳо «Онҳо хама ба мақсад расиданд» ба охир мерасанд, ки ин, албатта, ба сомеон таъсири калон расонида, онҳоро ба зиндагӣ рӯҳбаланд мекунанд.

Намуди афсонаҳои ҳаҷвӣ — маишӣ дар эҷодиёти ҳар як халқ ва умуман дар байни намудҳои афсонаҳо мавқеи калонро ишғол мекунанд. Сабаби ин дар он аст, ки дар ин гуна афсонаҳо ҳаёту маишати халқ ба таври ҳақиқӣ тасвир меёбад. Халқ дар ин гуна афсонаҳо зулму истисмор, фиребу найранги подшоҳон ва дигар намояндагони табақаи болоии ҷамъиятро ба зери тозиёнаи танқид мегирад. Дар афсонаҳои ҳаҷвӣ — маишӣ хислату характери қаҳрамонони асосӣ: Кали Зирак, Алдар Кӯса ситоиш ёфта, нодонию гумроҳии шахсони алоҳида, шоҳони золим, ҳокимони ситамгар ба зери тозиёнаи танқид гирифта мешаванд.