Афкори сиёсии сотсиалистони утопиявӣ

Дар баробари андешаҳои сиёсие, ки пайдоиш ва рушди муносибатҳои капиталистиро асоснок намудаанд, инчунин дар ин давра гурӯҳи дигари мутафаккироне пайдо мегарданд, ки сохтори сармоядориро шадидан танқид намуда, баҳри ҳимояи манфиатҳои синфи мазлум дар таълимоти худ ҷомеаи бидуни моликияти хусусӣ ва лоиҳаи сохтори иҷтимоии адолатнокро ташаккул додаанд. Ин ҷараёни маърифатӣ сотсиализми утопиявӣ[1] номида шудааст. Рушду инкишофи сотсиализми утопиявӣ якчанд марҳиларо дар бар мегирад:

1) сотсиализми утопиявии ибтидоӣ – Т.Мор, Т.Кампанелла;

2) сотсиализми утопиявии давраи инқилобҳои буржуазӣ – Д.Уинстенли, Ж.Мелйе, Г.Мабли, Э.Г.Морелли, Г.Бабеф;

3) сотсиализми утопиявии танқидӣ (нимаи аввали асри XIX) – А.Сен-Симон, Ш.Фурйе, Р.Оуэн.

Мутафаккири англис Томас Мор (1478-1535) асосгузори сотсиализми утопиявӣ дониста мешавад. Ӯ дар асари худ «Утопия» андешаҳои хаёлиашро ташаккул додааст. Томас Мор дар асари худ сохтори мавҷудаи ҷомеа, нобаробарӣ ва беадолатиро ба таври ошкоро танқид намудааст. Ба ақидаи ӯ, моликияти хусусӣ сабаби асосии ҳамаи бадбахтиҳои мавҷудаи ҷомеа мебошад. Ғайр аз ин, ӯ алоқамандии давлат ва синфи истисморгарро таҳлил намуда, ба хулосае меояд, ки давлат ва кулли мақомоти давлатӣ барои ҳимояи манфиатҳои синфи ҳукмрон хизмат менамоянд.

Т.Мор дар асари худ ҷомеаи адолатнокеро тасвир менамояд, ки он дар ҷазираи Утопия ҷойгир шудааст. Мутафаккир сохтори нави ҷамъиятиро дар муқобили сохтори мавҷуда қарор дода, то андозае меъёрҳои демократиро ташаккул медиҳад. Асоси сохтори ҷамъиятии онро мавҷудияти моликияти ҷамъиятӣ ва меҳнати дастаҷамъӣ ташкил медиҳад. Барои ташаккули давлат ба таври ҳатмӣ ҳамаи шахсони мансабдор бояд интихоб гарданд ва вазифаҳои зеринро иҷро намоянд: роҳбарии хоҷагии халқ ва раванди таълими ҷомеа, ташкили истеҳсолот ва ба таври баробар ба роҳ мондани тақсими фоидаи он.

Дар Утопия ҳаёт ба таври ҷиддӣ роҳандозӣ мегардад. Сокинони ҷазираи Утопия ҳосили меҳнати худро ба мағозаҳои умумӣ месупоранд ва маҳсулоти зарурии худро аз он ҷо бепардохт дастрас менамоянд. Ҳамаи мардум дар тӯли як шабонарӯз шаш соат меҳнат намуда, вақти боқимондаи худро барои тарбия ва таълим сарф менамоянд.

Аз ҳуқуқи интихоботӣ танҳо падарон бархӯрдор мебошанд, ки чунин ҳолат идеяи патриархалиро ифода менамояд. Т.Мор як қатор боварҳои диниро низ барои мардум зарур мешуморид.

Андешаҳои мазкур каме дертар дар таълимоти Томмазо Кампанелла (1568-1639) ташаккул дода мешаванд. Кампанелла дар асари худ «Шаҳри Офтоб» андешаҳои хаёлиашро ташаккул дода, монанди Т.Мор моликияти хусусиро инкор намуда, меҳнати дастаҷамъиро зарур мешуморад. Аксари андешаҳои Т.Мор дар таълимоти Т.Кампанелла такрор меёбанд.

Дар таълимоти Т.Кампанелла сохтори сиёсии шаҳри Офтоб аҳамиятнок маҳсуб меёбад. Роҳбарии онро донишманде бар уҳда дорад, ки аз илму дониш бархӯрдор буда, дар амалияи ҷамъиятӣ тамоми навъи фаъолиятро санҷидааст. Ҳокимияти олӣ раванди истеҳсолот ва тақсими ҳосили меҳнатро назорат менамояд. Раванди меҳнат ба хотири таъмини хайрияти умум марҳила ба марҳила бояд ташаккул дода шавад. Шаҳрвандон вақтҳои холигии худро барои рушди ақлӣ ва ташаккули қобилиятҳои ҷисмонӣ сарф менамоянд.

Марҳилаи дуюми сотсиализми утопиявӣ ба давраи амалишавии капитализм рост меояд, ки дар он муборизаи синфи заҳматкаш ва буржуазия инъикос мегардад.

Намояндаи машҳури ин марҳила мутафаккири англис Ҷерарда Уинстенли (1609-1976) мебошад. Андешаҳои ӯ бо идеяҳои коммунистӣ мувофиқат менамоянд. Ӯ пешниҳод менамояд, ки Англия ба республика табдил дода шуда, дар он моликияти ҷамъиятӣ ташаккул дода шавад ва меҳнат барои ҳама ҳатмӣ гардонида шавад. Асоси ҳамаи сохторҳои истеҳсолиро оила ташкил менамояд. Таълимоти Ҷ.Уинстенли ба он хотир утопиявӣ муаррифӣ мегардад, ки ӯ ба воситаи санадҳои қонунгузории ҳукумати буржуазӣ кӯшиши дар амал татбиқ намудани идеалҳои коммунистиро намудааст.

Намояндаи дигари сотсиализми хаёлӣ мутафаккири фаронсавӣ Жан Мелйе (1664-1729) мебошад. Ӯ дар «Васиятнома»-и худ таъкид менамояд, ки ҷомеаи нав танҳо ба воситаи муборизаи оммаи мардум ба вуҷуд оварда мешавад. Ӯ якуякбора сохтори феодалӣ ва рӯҳониёнро танқид намуда, барои аз байн бурдани зулму ситам муборизаи инқилобиро зарур мешуморад. Ӯ дар таълимоти худ сохтори мушаххасеро нишон надодааст, аммо ҳамчун мутафаккири хаёлӣ ҷонибдори моликияти дастаҷамъӣ ва нест намудани зулму ситам мебошад. Ба ақидаи ӯ, моликияти хусусӣ ва ҳокимияти мутлақ бадбахтии асосии инсоният мебошанд. Коммунизм, атеизм ва инқилоби мардумӣ дар таълимоти ӯ арзишҳои марказӣ маҳсуб меёбанд.

Намояндаи дигари сотсиализми хаёлӣ мутафаккири фаронсавӣ Габриэл Боно де Мабли (1709-1785) мебошад. Ӯ дар таълимоти худ идеяи баробарии ҳамаи аъзоёни ҷомеаро ташаккул додааст. Ӯ иброз медорад, ки табиат ҳамаро баробар офаридааст. Ба ақидаи ӯ, пайдоиши моликияти хусусӣ баробарии одамонро барҳам зада, одобу ахлоқи инсонҳоро коста гардонидааст. Сарватмандон моликияти зиёдро аз худ намуда, ҳокимиятро дар дасти худ нигоҳ медоранд ва бо ин роҳ дигаронро тобеи худ мегардонанд. Ба хотири барқарор намудани «Асри тиллоӣ» Мабли пешниҳод менамояд, ки ба воситаи қонунҳои адолатнок моликият дар миёни аъзоёни ҷомеа ба таври баробар тақсим карда шавад. Ӯ шакли идоранамоии ҷумҳуриявиро ҷонибдорӣ намуда, қайд менамояд, ки танҳо халқ метавонад барандаи ҳокимият бошад.

Мутафаккири дигари фаронсавӣ Этен Габриэл Морелли (1717-1778) дар асари худ «Кодекси табиат» сохтори ҷамъиятиеро пешниҳод менамояд, ки асоси онро моликияти ҷамъиятӣ ташкил медиҳад. Ба ақидаи ӯ, моликияти хусусӣ табиати инсонҳоро вайрон намуда, хислатҳои ғайриинсониро дар онҳо ба вуҷуд овардааст. Бинобар ин, барҳам задани моликияти хусусӣ айни муддаост. Морелли аввалин шуда дар атрофи ҳуқуқи меҳнатии одамон андешаронӣ намуда, бо назардошти қобилият ба меҳнат ҷалб намудани одамонро зарур мешуморад.

[1] Утопия (юн. u- инкор намудани чизе ва topos- макон) маконе мебошад, ки ҳанўз вуљуд надорад.

Шарҳ баста аст.