Афкори ислоҳотпарварӣ дар «Наводирулвақоеъ»-и Аҳмади Дониш

Аҳмади Дониш аз шинохтатарин адиби равшанфикри тоҷик мебошад. Ӯ зодаи шаҳри Бухоро буда, дар ин макони маърифатпарвар касби илм намудааст. Дар мадраса илмҳои расмиро бо фаросат ва заковати фикрӣ аз худ карда, дигар илмҳои маъмули замонашро мустақилона меомӯзад.

Аҳмади Дониш пас аз хатми мадраса бо хаттотиву наққошӣ ном мебарорад ва ба дарбори Амир Насрулло ҷалб карда мешавад. Ӯ аз барномаи таълимӣ ва тарзу усулҳои таълими мадраса розӣ набуд. Адиби бедорфикр се маротиба аз ҷониби аморат ба сифати намояндаи амир ба Росияи подшоҳӣ сафар мекунад. Аз ин сафарҳои хидматӣ бо таассуроти ғанӣ бармегардад.

Дар риштаҳои мухталифи давлатӣ ва маъмурӣ ислоҳот ва дигаргунӣ ворид кардан мехоҳад. Ин ҳама андешаҳои ислоҳотпарваронаашро дар китоби машҳури худ «Наводирулвақоеъ» ҷой додааст. Албатта, дар он замони тираву тори феодалӣ пешниҳодоту афкори пешқадамонаи ӯро амирони замон пазируфта наметавонистанд.

«Наводирулвақоеъ» бузургтарин асари Аҳмади Дониш буда, онро дар муддати тӯлонӣ, яъне беш аз понздаҳ сол навиштааст. Муаллиф дар ин асар ба масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ахлоқӣ дахл намуда, аз нигоҳи танқид ба нуқсону камбудиҳои сахти иҷтимоӣ ва ба ҷиҳатҳои номатлуби сиёсию ахлоқии замонаш баҳои воқеъбинона додааст.

Аҳмади Дониш дар сафари охирини худ ба Руссия чанд муддат дар шаҳри Москва низ истиқомат намуда, аз ёдгориҳои таърихӣ, иншооотҳои бузурги шаҳр, пешравиҳои назарраси илму техника ва фарҳанг, рӯзгори осоиштаи ин кишвари тараққиёфта огоҳии бештаре пайдо мекунад. Ин ҳама бардошт ва диданиҳо пеши назари ӯ олами тамоман наверо мекушояд. Мехоҳад, ки аморати Бухоро ҳам ба монанди Руссия давлати ислоҳотпарвар ва пешқадам бошад.

Тавре ки маълум шуд, Аҳмади Дониш ҳамчун шахси ислоҳотҷӯ ва маорифпарвар аз айёми таҳсил дар мадраса то фарҷоми умраш ба масъалаҳои печида ва мубрами зиндагӣ таваҷҷӯҳ дошта, нисбат ба онҳо бо фикрҳои ҷадид ва диди тоза ибрози андеша намудааст. Тавлиди афкори маорифпарваронаи адиб маҳсули сафарҳои ба Россия намудаи ӯст. Хулосаи сафарҳояш дар «Наводирулвақоеъ» хеле ҷолиб ва мушаххас инъикос гардиданд.

Адиби худогоҳ ҳамеша таъкид бар он кардааст, ки мурод аз зиндагии инсон обод доштани ҷаҳон ва хуррамии аҳли ҷомеа аст. Аз ин ҷиҳат ба ободкориву созандагӣ, навгониву ислоҳотпазирӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намудан ногузир мебошад. Афроди маърифатдӯсту ислоҳотхоҳ аз ин ҳама андешаҳои ҷасуронаи Аҳмади Дониш хуш истиқбол намудаанд.

Дониш дар бобати ҷавобгӯ ба талабот набудани таълиму тадрис муфассал сухан ба миён оварда, дар ин замина ба раванди омӯзишу парвариш дигаргуниҳои қобили қабулро таъкид мекунад. Ҳамзамон пас аз андешаву муҳокимарониҳои бисёр ба хулосае меояд, ки ба низоми маориф ва сохти давлатдорӣ ҳар чи бештару зудтар тағйирот ворид намудан ба манфиати аҳли ҷомеа хоҳад буд.

«Наводирулвақоеъ» – ин асари беҳтарини Аҳмади Дониш барои худшиносӣ ва бедории фикрии ҳамқадамон ва ҳамандешони адиби маорифпарвар нақши созгор ва таъсири амиқ гузоштааст. Хонандаи закӣ ва ҳушманд аз ин асари арзишманд як ҷаҳон маънӣ бардошта, баҳраи илмӣ, таърихӣ ва панду ахлоқӣ мегирад.


Калидвожаҳо: иншо дар мавзуи Афкори ислохотпарвари дар «Наводирулвакоеъ»-и Ахмади Дониш.

Шарҳ баста аст.