Афкори иҷтимоию сиёсии Имоми Аъзам ва Абӯнаср Форобӣ

0
33

Имоми Аъзам (р) аз огоҳтарин марди дунёи сиёсат, соҳиби истеъдоди фавқулода дар илму фазл мебошад, ки аз асри VIII то имрӯз ҳамчун нобиғаи қарнҳо шинохта мешавад. Дар омӯзиш ва таҳлили ҳаёт ва фаъолияти илмию фарҳангии эшон то ҳол назария ва усулҳои мухталиф мавҷуданд. Ҷанбаҳои фаъолияташон низ хеле гуногунпаҳлу буда, муҳаққиқон онро, айни ҳол, чунин хулосабардорӣ менамоянд, ки ӯ тамоми ҷомеаро дар 3 бахш: мардумӣ, сиёсӣ ва илмӣ таҳлил намудааст. Аз ин рӯ, ӯро барҳақ бузургтарин имом (Имоми Аъзам) ва марди дунёи сиёсат меноманд.

Имоми Аъзам бузургтарин чеҳраи дунёи андешаест, ки дар роҳи ҳақ сазовори пайравӣ ва тақлид аст. Ӯ Нуъмон ибни Собит ибни Марзбон ном дошта, аз озодагони миллати тоҷику форс аст. Дар сарчашмаҳои илмию таърихӣ омадааст, ки Ҳаммод фарзанди Имоми Аъзам ва Умару Исмоил писарони Ҳаммод мебошанд. Аз Исмоил чунин меоранд, ки гуфта: «Ҷадди ман Имоми Аъзам фарзанди Собит, Собит фарзанди Нуъмон, Нуъмон фарзанди Марзбон ва Марзбон аз аҳрори форс аст». Яъне, бунёдгузори тариқаи аҳли суннат Имоми Аъзам (р) аз хонадони аҳли форсу тоҷик буда, дар рушду нумӯи фалсафаи мазҳабӣ нақши босазое гузоштааст.

Загрузка...

Ӯ нахустин донишманди бузурги соҳибасари фиқҳ ва ҳакимест, ки мактаби илми каломро асос гузоштааст ва мардумро барои шинохти ҳақ аз ботил ба илм ҷалб намудааст. Масалан, ӯ ба шогирдонаш чунин мегӯяд: «Сурур ва хушҳолии ман ба шумо вобаста аст, шуморо ки мебинам, ғаму парешониам дур мешавад. Ман фиқҳро ҳам монанди як аспи саворӣ ончунон барои шумо ром ва зин намуда, лаҷом кардаам, ки ҳар гоҳ бихоҳед, метавонед онро савор шавед, акнун дар ҳоле шуморо раҳо мекунам, ки мардум аз пайи шумо меоянд ва аз шумо пайравӣ мекунанд ва алфоз ва калимоти шуморо ҷустуҷӯ менамоянд, гарданҳоро дар баробари шумо фуруд овардаам, ки хоста ё нахоста аз шумо фармон мебаранд, акнун тамоми шумо салоҳият доред, ки бар мансаби қазо биншинед ва дар миёни шумо даҳ нафаранд, ки метавонанд қозиюлқузот бошанд, яъне барои қазовати дигаре ба манзалаи устод ва мураббӣ қарор бигиранд … ва ҳаргиз бо талаби мансабе аз ҳокимон онро зор накунед». Одатан аз рӯйи таҳлилҳо тамоми таълимоти исломиро ба се гурӯҳ тақсим менамоянд: ақоид, ахлоқ ва аҳком.

Якум, ақоид ин калом, дуюм, ахлоқ ва сеюм, илми фиқҳ аст. Калом фалсафаи мазҳаби ислом аст. Дар динҳои дигар низ фалсафаи мазҳабӣ вуҷуд дорад, вале на ба номи калом. Тафовути калом (нутқ, сухан) аз фалсафа дар он аст, ки фалсафа дар мавриди ҳастии олам ақидаҳои диниро инкор менамояд. Аммо калом илмест, ки барои ҳифзу пуштибонии асосҳои таълимоти ислом бо истифода аз усулҳои мантиқию фалсафӣ баҳс мекунад. Эшон ба ғайр аз ақидаҳои каломию ахлоқию фиқҳӣ боз фикру андешаҳои ҷолибе дар илмҳои низоъшиносӣ, сиёсатшиносӣ ва психологияи (равоншиносӣ) иҷтимоӣ доранд, ки то имрӯз аҳамияти илмии худро нигоҳ доштаанд. Масалан, аз Имоми Аъзам ривоят меоваранд, ки гуфтааст: «Ба ҷамеи илм шуғл варзида, мулоҳиза кардам, дар ҳар кадоме ягон-ягон нуқсон намудор буд, аммо дар илми фиқҳ ҳар қадар назар кардам, ҳамон қадар лаззату ҳаловат ёфтам ва ҳеҷ айбе надидам. Чунки бе донистани илми фиқҳ талаби дунёву охират ҳосил нагардад». Дар масъалаи ҳалли низоъҳо таҳаммулпазириро пеша гирифта, Имоми Аъзам мегӯяд, ки «аввал матлабро ба дурустӣ дарк намуда, бидуни шитобкорӣ роҳи ҳалли масъаларо дарёфт кардан лозим меояд. Замоне ҳукм содир кун, ки аз ҳар сӯ фориғи қалб ва мутмаин бошӣ, агар ба сулҳ розӣ шуданд, хуб, агар розӣ нагардиданд, пас мутобиқи шариат ҳукм кун».

Ҳамин тавр, тамоми ҳаёт ва фаъолияти ин нобиғаи асрҳо моломоли ақидаҳои иҷтимоӣ ва андешаҳои илмӣ буда, омӯзиши онҳо барои донишҷӯён аҳамияти хоссаи тарбиявӣ дорад, аз ҷумла барои бедории хотираи таърихӣ ва худшиносии миллию мазҳабӣ, барои муҳиммияти мақом ва манзалати таълимоти ӯ дар рушду инкишоф ва таъмини ваҳдати миллату мазҳабҳои мухталиф.

Хулоса, Имоми Аъзам (р) дар воқеъ нобиғаи асрҳо, намунаи ибрат дар ахлоқу одоби фазила ва насиҳату хайрхоҳии уммат аст. Аз ин рӯ, роҳу равиши интихобнамуда ва андешаҳои иҷтимоии ӯро имрӯз аз нисф зиёди мусалмонони дунё қабул дошта, сипосгузорӣ менамоянд. Ин аст ҷавҳари бузургии сиёсати нарму ростои Имоми Аъзам (р), ки дар тӯли асрҳои зиёд миллионҳо одамонро бо таълимот ва роҳу равиши хеш ҷалб намудааст. Ӯ пайвандгари андешаву тафаккури нави исломӣ ва марди муттаҳидкунандаи ҷомеа мебошад.

Форобӣ Абӯнаср Муҳаммад ибни Тархон (872-951). Дар тазкираи Ибни Надим (Феҳрист) омадааст, ки Форобӣ форси-ул-асл мин қурби Балх. Дурусттараш Форобӣ нею балки Форёбӣ ҳаст. Нахустин файласуфи ҷаҳони Шарқ, ки унсурҳои донишҳои фалсафиро зери таъсири фалсафаи Юнони қадим ба сатҳи баланд дар осори худ ба низом дароварда, баробари ин фалсафаи ҷаҳониро бо андеша ва таълимоти нав ғанӣ гардондааст. Аз ҳамин ҷост, ки дар ҷаҳони фалсафа ӯро муаллими сонӣ номидаанд. Яъне, дар фалсафа аз ҳайси истиқлоли низоми фалсафӣ нобиғаи дувум аст.

Маълумоти илмиро дар Фороб, Бухоро ва Бағдод гирифтааст. Устодонаш бузургони замона Абӯбишри Матто ва Юҳанно ибни Хайлон мебошанд.

Дар ҷустуҷӯи илму маърифат тамоми ҷаҳони мутамаддини айёмашро сафар кардааст: Димишқ, Ҳалаб, Ҳеррон, Миср, Бухоро, Бағдод.

Дар осораш назари машҳуртарин файласуфон – Демокрит, Афлотун, Арасту, Буқрот, Флутин, Фурфуриус, Уқлидус, Батлимусро тафсиру ташреҳ кардааст. Ӯ вобаста ба масъалаҳои онтология, гносеология, фалсафаи табиат, ҷамъиятшиносӣ, эстетика ва этика андешаҳои арзишманд пешниҳод кардааст.

Дар фалсафаи иҷтимоию сиёсӣ андешаҳои ӯ дар бораи масъалаи саодат, озодии ирода, пайдоиш ва вазифаи давлат, шаклҳои давлатдорӣ, ахлоқи ҳамида ва тараққии ҷамъият аз роҳи эволютсионӣ аҳамияти махсус доранд.

Дар фалсафа мактаби перипатетизми шарқиро асос гузоштааст, ки ин ҷараёни бузургро нобиғаҳое ба монанди Ибни Сино, Ибни Туфайл, Абӯрайҳони Берунӣ давом додаанд.

Осори муҳимтаринаш «Китоб-ул-маҷмӯъ», «Китоби таҳсил-ас-саодат», «Китоб-ас-сиёсат-ал-мадания», «Калом фил-ақл-ил-кабир», «Китоб фил-ақл-ас-сағир», «Китоб-ул-мухтасар-ил-кабир фил мантиқ», «Китоб-ул-бурҳон», «Рисола фи моҳият-ин-нафс», «Калом фил-ҷавҳар», «Уюн-ул-масоил», «Китоб-ул-мадхал фил-ҳисоб», «Мақола фи вуҷуби саноат-ил-кимиё вар-радд-ало мубтилиҳо», «Китоб-ул-мадинат-ил-фозила», «Ас-сиёсат ул-мудуния», «Рисолат-ул-мусиқа-ал-кабир» мебошанд.