ҚАДРИ МОДАР

Як шаба он ранҷ, ки модар кашид,

Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.

«Дар ду ҷаҳон он надид рӯи хуш»,

Теғаи нигаҳ ҳар ки ба рӯяш кашид.

  Модар қиматтарин неъмати рӯи дунё, сарчашмаи муҳабати беканор, чашма мусаффо ва махзани ганҷи фарзанд, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Заҳмати шабонарӯзӣ, бедорхобӣ пурбардории ӯ танҳо ба худаш хос буда, касро ба ҳайрат меорад. Мо канори модар бо олами рангини кӯдакӣ ба воя мерасему аз ӯ дарси одамгарию ватан дӯстиро меомӯзем. Канори модар худ биҳишти аввалини ҳаёти мост. Ба зери болини кӯдак гузоштани китоб ё муқадасоти дигар, рамзи худро дорад. Модар мехоҳад, ки тифлаш бе нуқс сабзида, мададгори даврони пирӣ гардад:

Оре, модар мисли замин танҳо ва яктост.

Ба маъни Лоиқ гуфтааст:

Ту монанди замин танҳоӣ, модар,

Ту монанди замин яктоӣ, модар.

   Инсон баъд аз раҳо гаштан аз оғӯши гарми модар қимати ӯро дарк мекунад. Зеро мисли канори модар биҳиштосо маони дигаре нест. Барҳақ шоир фармудааст:

Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст,

Чун ба пои худ равон гаштем, саргардон шудем.

 Модар дар ҳама ҳолат чӣ ҳозиру ғоиб пайваста дар ёди фарзанд аст. Оромиву сиҳатӣ ва хушгуфтории фарзандро дида меболад. Аҷаб дунёи рангину зебо дорад, модар…

 Мутаассифона, на ҳама вақт мо ба иззати ин ганҷи бебаҳо расида метавонем. Гоҳ дар дарёи пуршӯри ҷавонӣ ишқу ҳавас заврақ меронему модарро фаромӯш месозем. Аммо баъд аз кирдори худ пушаймон гашта, ӯро намеёбем. Аз даст рафтани модар барои фарзан фоҷиаи хеле гарон аст:

  Модар модар каси бе ҳимат бошад,

  Дидори шарафи ӯ ғанимат бошад.

  Аз махзани панди он бигирад арзонӣ,

  Фардо чи кунӣ, ки ганҷи қимат бошад.

 Бешубҳа, такя дар паҳлӯи модар, хоб дар зонуи модар шоҳбайти китоби хотираҳои зиндагист:

  Такя дар паҳлӯи модарҷон, ғанимат будааст,

  Хоб дар зонуи модарҷон, ғанимат будааст.

 Оре, давлати фазанд модар аст. Образи ин шахсияти нотакрор дар адабиёт мақоми хоса дорад. Шоирону адибони олам симои воқеии ӯро бо сухан нишон дода, номашро то Моҳ баровардаанд. Модар ба чунин қадрдонӣ сазовор аст. Зиндагӣ худ шеър аст, ки ба аллаи модар ибтидо гирифта, бо номи он хотима меёбад. Анна ҳамин бузургию шаҳомати ӯро ба назар гирифта, модарро тимсоли Ватан медонанд. Ҳар фарзанде, ки қимати модарро донад, бо дуояш хушбахту шӯҳратёр мегардад. Дасти дуои модар калиди дари хушбахтии мост:

Сад ҷону дил фидои як мудаои модар,

Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.

Ҳама олимону шоирон, ҳунармандону косибон парвардаи боғи муаттари дунёи ҳавасҳои модаранд. Аз ин рӯ, ҳар кас бояд қадри ин ганҷи бебаҳоро донад. Байти зебои Лоиқ чароғи равшани олами гуфтори мост:

Аз савту зи шӯрат гар бар фалак занам сар,

Таъзим мекунам боз дар пеши пои модар.

Зиҳӣ, модар, бо чунин қудрату матонат, эҳсону ҷасорат ва меҳру садоқати беканор, ки бузургони олам пешат сар фуруд меоранд.

Шарҳ баста аст.