Ҳадя ба модарон

0
69

Шеъри мазкур аз эҷодиёти шоири ҳамзабони мо Халилуллоҳ Халилӣ баҳри шумо нашр шудааст, ва ҳадя ба модарони азиз ба шумор меравад.

Роҳраве, равшандиле аз Боязид
Кард пурсиш: «К-эй муроди ҳар мурид!
Боз гӯ, охир куҷо биштофтӣ?
К-ин ҳама ганҷи саодат ёфтӣ?».
Гуфт: «Аз як қатра ашки модарам,
Шоҳиди мақсуд омад дар барам.
Ганҳҳо дар дидаи намноки уст,
Ин гуҳарҳо ашкҳои поки уст.
Шомҳо чун боз хуфтӣ модарам,
Буд дар поёни пояш бистарам.
То дили шаб дошт бо ман розҳо,
Гуфтугӯҳо, қиссаҳо, овозҳо.
Қиссаҳо ширинтар аз шаҳду шакар,
Нағмаҳои ҷонбахш аз боди саҳар.
Ногаҳон шоме ҳаво бас тира шуд,
Барф бар шаҳру дехҳӣ мо тира шуд.
Хун ба тан аз шиддати сармо фисурд,
Шуъла аз дамсардии айём мурд.
Нимашаб шуд, модарам аз хоб хест,
Аз мани афсурда ҷоми об хост.
То гирифтам ларз-ларзон ҷоми об,
Модарамро бори дигар бурда хоб.
Ман ситодам хушк бар ҷо аз адаб,
Чашм бар роҳ, ҷом бар каф, ҷон ба лаб;
Обро аз фарти сардӣ баст яҳ
Ҷомро бо дасти ман пайваст ях.
Субҳ шуд, чун боргоҳи файз боз,
Модарам бархест аз баҳри намоз,
Дид суи ман, ларзонам чу бед,
Гаштаам чун барф cap то по сафед».
Гуфт: «Ай фарзанд бар каф ҷом чист?
Рост гу ин ларза бар андом чист?
Аз чӣ ру ин ҷомро бардоштӣ,
Хешро дар ранҷу меҳнат доштӣ».
Гуфтам: «Ай модарам, хато буд, ин ки ман,
Мениҳодам ҷом баҳри хештан.
Ту зи ман гар об мекардӣ талаб,
Хуфта медидӣ маро дур аз адаб».
Модар аз гуфтори ман бетоб шуд,
Дар миёни синаи вай об шуд.
Сар зад оҳе аз дили ғамдидааш,
Қатраи ашке чакид аз дидааш.
Ашки модар ганҷи гавҳарҳо шавад,
Мард аз он як қатра чун дарё шавад.

Загрузка...

Халилуллоҳ Халилӣ


Хадя ба модарон, шеър аз эчодиёти Халилуллох Халили, шеър дар васфи Модар!