Адабиёти асри XVIII ва XIX

Нақша:

  1. Ҳаёти адабии ин давра
  2. Мавзӯъ ва мундариҷаи адабиёти ин давр

Хулоса

Ҳаёти адабӣ дар асри XVIII ва аввали асри XIX дар ин давр асосан дар сарзамини Осиёи Миёна вобаста ба ҳодисаву воқеаҳои сиёсию ичтимоӣ ва маъмӯрӣ ҷараён дошт. Дар марказҳои сиёсии ҳамонвақта шаҳри Бухоро, Хуҷанд ва Хоразм доираҳои адабӣ созмон дода шудаанд. Тибқи маълумоти сарчашмаҳо дар доираи адабии Хоразм адабиёт асосан ба забони ӯзбакӣ инкишоф меёфт. Танҳо қисми ками девони ашъори шоирону аҳли илму адабро шеъру ғазалҳои тоҷикӣ ташкил медоданд. Ба ғайр аз ин, шоирони доираи адабии Хоразм бо роҳбарии Мӯниси Хоразмӣ ба тарҷума ва таҳрири асарҳои адабию таърихии шоирони адабиёти классикии тоҷику форс аҳамияти калон медоданд. Дар доираи адабии Хуҷанд бештари шоирон бо ду забон-тоҷикию ӯзбакӣ асарҳои илмию адабӣ таълиф мекарданд. Қайд кардан лозим аст, ки ҳукумати Хуҷанд ҳарчанд худро ҳанӯз аз замони Абдулкаримбӣ худмухтор ҳисоб мекарда бошад ҳам, вале доираи адабии онҳо танҳо дар замони Олимхон муташаккил шуда буд. Доираи адабии мазкур дар аҳди Амир Умархон мақому мартаба ва шӯҳрати баланд пайдо кард. Мувофиқи маълумоти тазкираи Абдулкарими Фазлии Намангонӣ «Маҷмӯаи шоирон», ки бо фармони Амир Умархон таълиф шудааст, доираи адабии Хуҷанд зиёда аз 75 шоирро дар бар мегирифтааст. Шӯҳрати овозаи доираи адабии Хӯқанд ва «қадрдонию гавҳаршиносӣ»-и Амир Умархон тавассути маддоҳони дарбори ӯ ба дараҷае шӯҳрат ёфта буд, ки аз тамоми гӯшаю канори Осиёи Миёна, аз қаламрави Бухоро ба монанди Ҳозиқ, Маҳзуни Самарқандӣ, Муштоқи Шаҳрисабзӣ, Камоли Бухороӣ бо умеди рушду нумӯи кору фаъолияти эҷодии худ ба ин ҷо меомаданд. Дар ин доираи адабӣ шоирону адибон асосан дар аксарияти жанрҳои маъмулии классикӣ: ғазал, қасида, қитъа, рубоӣ, мухаммас, маснавӣ ва ғайра шеър мегуфтанд. Ашъори шоирони ин доираи адабӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбакӣ суруда шудаанд. Таъкид намудан бамаврид аст, ки аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа ашъори шоирони доираи адабии ин давр хеле гуногун мебошанд. Шоирони он давр бо чунин мавзӯю мундариҷаи ғоявии ашъори худ беҳтарин анънаҳои гузаштагонро идома медоданд. Яке аз мавзӯъҳои асосии ашъори шоирони ин доираи адабӣ шикоят аз сахтию тангиҳои давр, беқадриҳои аҳли фазлу дониш ва эътироз ба тартибу низоми беадолатона мебошад. Тавре Мирзо Содиқ дар яке аз қитъаҳои худ аз хорию золимии аҳли фазл бо афсӯсу надомати бепоён сухан ронда, ба тариқи киноя изҳор мекунад, ки акнун дар ин замона аз илму ҳунар лаб мекушоед. Зеро дар саросари кишвар аблаҳу ҷоҳилон ҳукмронанд:

Содиқ, ба яқин дар ин замона,

Ҷуз айби ҳунар чу нест акнун.

Ҷаҳл аст ба олам ошкоро,

Изҳори ҳунар макун, ки айб аст.

Ҳозиқ низ чунин мазмунро ба таври ба худ хос ифода кардааст:

Дилам аз бетамизиҳои абнои замон хун хӯрд,

Набудӣ кош лавҳи хотирамро нақши идроке.

Яке аз намояндагони ин доираи адабӣ Мирзо Алии Бухороӣ, ки тамоми умр дар хорию зорӣ зистааст, аз беқадрии аҳли илму дониш ва равнақу ривоҷи кору бори ҷоҳилон чунин шикоят мекунанд:

Донишварон зи фазлу ҳунар хуни дил хӯранд,

Бингар фалак, ба мардуми доно чӣ кардааст.

Хулоса, дар эҷодиёти шоирони ин доираи адабӣ ҳамчун Содиқ, Ҳозиқ, Носеҳ, Шавқӣ, Маҳзун ва чанде дигарон бисёр масъалаҳои муҳими ҳаётӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, давраи инқирози феодалӣ бо тарзу усулҳои гуногуни бадеӣ ба миён гузошта шудаанд. Шоирону адибони номбаршуда, сарфи назар аз маҳдудияти маълуми таърихӣ, дар ашъори худ тавонистаанд, ки беадолатиҳои ҷаъмияти феодалиро фош созанд. Ҳамин тариқ, онҳо анъанаҳои бузургони гузаштаро мувофиқи рӯҳия, завқу салиқаи худ идома додаанд.


Калидвожаҳо: иншо дар мавзуи Адабиёти асри XVIII ва XIX, адабиёти точики асрхои 18-19, шоирони асри 18-19.

Шарҳ баста аст.