Адаб ҳусни инсон аст

Оре, шахси боадаб ҳамеша аз хислати ҳамида, мисли фазлу дониш, заковат ва ҳунар, фарҳанг бархӯрдор аст. Аслан ин қабил одамон фурӯтану боҳиммат ва дуран¬дешу донишманд мешаванд. Фурӯтаниву боҳимматӣ тоҷи сари шахси боадаб буда, ба ҳусни ӯ ҳусни дигаре зам мекунад. Аз ин рӯ, аз чеҳари шахсоне, ки ба худ фурӯтаниву боҳимматиро пеша карданд, мудом нур меборанд. Нуре, ки онро ҳамчун нури адаб эътирофаш карданд.

Нурест, ки шахсро аз ҳаргуна нокомиҳо нигоҳ медорад. Вобаста ба ин ингуна шахсон ба хубӣ медонанд, ки бузурге гуфта:

Манманиҳо пешаи шайтон бувад,

Ҳар кӣ худро кам занад, мард он бувад.

Бешубҳа, ҳар ҷо ки адаб аст, оромиву субот ва пешрафту нумӯъ низ ба миён меояд. Аз ин хотир адаб роҳнамоӣ зиндагӣ буда, онро ҳамчун чароғаки раҳнамо ба низоми муайян медарорад. Бинобар ин дар оилае, ки одоб бошад, шодиву нишот низ ҳукм меронад. Дар ингуна хонадон мудом файзу барака ҳукм меронад. Нисбати ин хонадон шахсони дигар бо ҳавас менигаранд. Зеро фарогирии адаб ба худи инсон вобаста аст. Дар ин бора қиссае ҳаст: «Луқмони ҳакимро пурсиданд:

— Адаб аз кӣ омӯхтӣ?

Гуфт: Аз беадабон. Ҳар чӣ аз эшон дар назарам нописанд омад, парҳез кардам».

Аз ин андешаи орифона чунин хулоса меояд, ки барои дарки моҳияти адаб худи зиндагӣ моро чун устоди сахтгир таълим медиҳад. Зиндагӣ, ҷомеа моро водор месозад андеша ва нигоҳи худро нисбати мароми зиндагӣ дигар кунем. Онро аз нуқтаи назари адаб, илму маърифат баҳодод намоем. Ҳар як ҳодисотро бо тарозуи адаб баркашем. Дар ин маврид як шахси боадаб бар сад нафар беадаб пирӯз меояд, мисли он ки торикии шабро нури рӯз маҳв мекунад. Мисли оне ки равшании офтоб пардаи торикии шабро медарад.

Бузургони илму адаб ба ин масъала таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, адабро ганҷи қиммат ва шарафу иқбол ба қалам додаанд. Ҳикмати Абулқосим Фирдавсӣ далели андешаи болост:

Адаб беҳтар аз ганҷи Қорун бувад,

Фузунтар аз мулки Фаридун бувад.

Одоб дар назари аҳли адаб худ бахту саодат, давлати ноёб, эътибору тоҷи сари мардон аст. Абдураҳмони Ҷомӣ барҳақ гуфта:

Ҷон дар тани марди беадаб ларзон аст,

Сад ҷон бидиҳӣ, адаб харӣ арзон аст.

Аз беадабӣ касе ба мақсад нарасад,

Зеро ки адаб тоҷи сари мардон аст.

Мутассифона, на ҳама наврасону ҷавонон қоидаҳои одобро риоя карда, аз рӯи он амал ме-кунанд. Шумораи ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, кӯдакону наврасон рӯз ба рӯз афзуда истодааст, ки ин ба ҳастии миллат хатари ҷиддиро эҷод мекунад. Ғайр аз ин вақтҳои охир теъдоди ҷавононе, ки дорои сатҳи пасти одоби ҳамида ҳастанд ба маротиб афзуда истодааст. Дар кӯчаю хиёбонҳо беадабиро дида, бепарво мегузарем. Ин амали бемавқеъ ба манфиати ҷомеаи навину демократӣ нест. Аз ин хотир, ҳамагони мо вазифадорем, ки наврасонро дар рӯҳияи одобу ахлоқи ҳамида тарбия намуда, завқ ва қобилияти зеҳнии онҳоро такмил диҳем. Дар ҳар ҷомеа ва оилае, ки адаб дар назари аввал бошад, осудагию хушбахтӣ ва камолоту пешрафт бештар мегардад. Барои ин са¬раввал бояд худи мо муаддаб бошем, то тавонем дигаронро ба дунёи зебоӣ адаб ҳидоят намоем. Ҳикмати Абдураҳмони Ҷомӣ матлаби моро равшан мекунад:

Боядат аввал адаб андӯхтан,

Пас дигар касро адаб омӯхтан.

Аз гузашта бояд ибрат гирифт

Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,

Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

Оре, гузашти рӯзгор ибратест фардоро. Ҳар як инсони асил набояд гузаштаи миллати хеш, қавми хеш ва наздикону пайвандонро фаромӯш созад. Зеро бе гузашта имрӯзро наметавон дид. Ояндаро низ наметавон интизор шуд. Ҳар як кору амале, ки шуда мегузарад, барои инсон таъсири хубе, ё баде мегузорад, хурсанд, ё андӯхгин мегардонад.

Ба пешравӣ ноил мегардонад, ё баръакс. Ҳар хеле набошад, инсон аз он дарси ибрате мегирад, ки он дарс ба ягон макотибу ба ҳеҷ омӯзгору китобе рабт надорад. Он дарси ибрат аст, ки новобаста аз гузашти айём, новобаста аз қобилияти фикрии муҳит дар ёди инсони комил нақш мебандад. Гузашти рӯзгор кони хираду маданият ва ибрати покизагист, ки тарбиятгари ҳамагон аст. Ҳар як лаҳзаи он омӯзандаи алфози наву гуногунмаънист, ки албатта онро инсони бузургдилу андешаманд метавонад эҳсос намояд. Зеро Соиби бузург фармуда:

Ақли дурандеш бар мо роҳи рӯзӣ бастааст,

В-арна, ҳар ангушт пистонест тифли ширро.

На ҳар кас метавонад соҳибакл бошад. На ҳар фард метавонад хубро аз бад, некро аз зишт, дӯстро аз душман ва тарбияро аз таънаву маломат фарқият бахшад. Кист доно, то тавонад неку бадро, доғу дардро зиндагии пуршару шӯри пур аз шодиву андӯҳи абадро фарқ созад?

— Кист доно?! Марди оқил, то зи ҳар як лаҳзаи умри абад гирад панд.

— Кист доно?! Он зани покизакирдоре, ки дар шакли фаришта ибрати покизадоманон бувад.

— Кист доно?! Тифли дилбанде, ки аз рӯзи азал Парвардигораш қудрати Иллоҳӣ дода, дар вуҷудаш иффату виҷдону имон офарид.

— Кист доно?! Фарди соҳибақлу идроке, ки аз ҳар лаҳзаи умри муборак бо ҳама зӯру тавон ва дилу ҷонаш панд гирад, дарси ибрат, дарси умеду ҳақиқат, то наёбад заррае рӯзе завол, то нагардад пеши ҳар як нокасе хам бар ӯ боле, то ки бошад дӯстдори миллати Модар-Ватан.

Пас месазад гӯем, ки бояд шитофт, то ақлу заковатро барҷо кор фармуда, аз дирӯзу имрӯзи ҳаёт ибрат бигирем, вагарна фардо дар поёни умр хорӣ хоҳем кашид, зеро умр равон асту саросар кӯлвори пурпандро мемонад:

Ғофил машав, з-умр, ки чун киштӣ дар об,

Истода менамояду чун тир меравад.

Аз калонсолон ва касони оқил ибрат бигирем, то ҳангоми сахтиву дармондагӣ ва мушкилии рӯзгор мададгорамон гарданд, зеро ҳаёт саросар пур аз ноҷуриҳост. Барои рафъи ҳар масоили рӯзгор таҷрибаи бузург мебояд. Зеро «Аз дида басе фарқ бувад то ба шунида» гуфтаанд, ё ба фармудаи Рӯдакии бузургвор:

Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,

Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.

Чун аз гуфтаҳои бузургони хирад ёдовар мегардем, беихтиёр бояд қайд намуд, ки бузургону оқилони ҳар давру замон низ аз гузашта чизе омӯхтаанд ва бевосита саҳве накардаанд, ки имрӯз мо аз онҳо ибрат мегирем. Инак, таҷрибаи рӯзгор пайваста аз бехирадон соҳибхирад, аз бадон нек, аз дармондагон коромӯз ва аз нокасон инсони комил месозад. Инсон худ кон аст. Дар хазинаи инсон новобаста аз он ки ӯ хуб аст, ё бад танҳо ва танҳо сарват ниҳон аст, зеро ҳар чизе, ки тавассути инсон ва меҳнати фидокоронаи ӯ падид меояд, ҳама лозиманду ибратанду давоянду манбаи омӯзиш, ки аз дороиву сарват фузунтаранд. Инсон, ки худ меъмори ҳаёти хеш аст, аз ҳар як хубу зишти ҳаёт ибрате падид меорад. Аз лаҳзаи сард низ зуд дилмонда намегардад. Мекӯшад, ки аз ҳар дарду ранҷ ганҷе падид орад, зеро:

Бе дарду ранҷ ганҷ муяссар намешавад,

Музд он гирифт ҷони бародар, ки кор кард.

Бисёр хасе бояд, то пухта шавад хоме. Ҳатто барои пухтани таоми хушлаззат хасу хошоку ҳезуми фаровон мебояд. Пас барои дар ҳаёт пухта гардидани инсони комил низ фурсати зиёду таҷрибаи гарон мебояд.

Боз ой сари мақсад ва кӯш дар оне, ки ҳар замон аз зиндагӣ ибрате биомузӣ ва кӯлвори панду ибрати хеш пурбор гардонӣ. Чун ибратомӯзиат ба ҷое бирасид, ибратбахш гардӣ ва соҳибиззат.

Дил чу равшан гашт, чароғу шавқате даркор нест,

Баҳри тасхири ҷаҳон хуршеди танҳо лашкар аст.

Гуфтаанд, ки далели гуфтаҳои болост. Хулоса, ҳар замон ибратест соҳибдилеро, ки паси ибрати ниёгону бузургони хирад мекӯшад ва бесуд бувад номуродеро панд дод, зеро ибрати соҳибдилон давлат бувад… ё ба таври дигар:

Насиҳати ҳама олам чу бод дар қафас аст,

Ба гӯши мардуми нодон чу об дар гирдоб аст.

Гуфтааст Саъдии бузург, ки ниҳоят барҷост.

Шарҳ баста аст.