АДАБ — Хазинаи маърифат

— Адаб бар ҳамаи беадабиҳо сабр кардан аст.


— Адаб тарҷумони ақл аст. Ҳар як шахс бо андозаи адабаш боақл аст, бо андозаи ақлаш бообрӯ аст ва бо андозаи обрӯяш қимат дорад.


— Адаб зеборо зеботар месозад.


— Адаб низ ҷузъест аз шукр.

(Пурдил)


— Боадаб аз барои одобаш хомӯш меистад, аммо беодоб фикри онро мекунад, ки хомӯшаш гардондам.

(Мавлоно)


— Инсон аз адаб бенасиб гардад, аз инсоният мебарояд.


— Ақлe, ки бо адаб зебо гардонида намешавад, қаҳрамони бесилоҳ аст.


— Адаб инъикоси зоҳирии ақл аст.


— Адаб соҳибӣ кардани дасту пою забон аст.


— Адаб силоҳест, ки шайтонро мекӯшад.


-Адаб санъати волотарин аст.


-Шахсе, ки адабро тарк мекунад, ориф нест.


-Беадаб илми эътимоднок надорад.


— Мақсад аз ҳақиқат адаб аст.


— Адаби ҳақиқӣ тарки нафс аст.


— Зебоии аслӣ зебоии илму адаб аст.


— Зиннати инсон адаб аст.


— Волидайне, ки ба фарзандҳояшон адаб намеомӯзонанд, душманҳояшонро шод кардаанд.


— Волоравии маънавӣ тариқи адаб аст.


— Инсон бо илму адабаш аз малак волотар мегардад.


— Шайтон аз барои тарк кардани адаб, аз ҳузури Парвардигор (ҷ.ҷ.) ронда шуд.


— Рафтори беадабӣ файзро нест мекунад.


— Суҳбат ҷасад аст ва адаб бошад зебоиии ҷасад ва рӯҳ аст.


— Барои расидан ба ҳақиқати имон илми яқинро бояд донист, барои илми яқин амали холис, барои амали холис, адои фарзҳо, барои адои фарзҳо, татбиқи суннат, барои татбиқи суннат, адабро бояд ҳифз намуд.


— Ҳама чиз зиёд шавад, арзон мегардад. Адаб зиёд шавад, қиматаш афзун мегардад.


— Адаб малакест, ки инсонро аз корҳои шармгин ҳифз менамояд.


— Адаб суннати Расулуллоҳ (с.а.с.)-ро татбиқ кардан аст.


— Илм хоҳӣ, боадаб бош!


— Дӯстҳои адаб: ҳаё, самимият, таслимият, муҳаббат, ният, итоат, ғайрат, суҳбат ва дастгирӣ.


— Адаб, ки набошад, хондану нахондан якест.

(Субҳон Қурбонов)


Манбаъ: «Хазинаи маърифат», Қурбонов Субҳон.