Ҷабри устод беҳ аз меҳри падар! (ҳикоя)

0
186

Ҳакиме писаронро панд медод:

-Эй ҷонони падар, ҳунар омузед, ки ба мулку давлати дунё эътимод нест. Симу зар дар сафар маҳалли хатар аст ё дузд ба якбора барад, ё хоҷа ба тафорик бихурад (ё соҳибаш кам-кам истифода карда ба охир расонад). Аммо ҳунар чашмаи зоянда аст ва давлати поянда. Агар ҳунарманд аз давлат биафтад, ғам набошад, ки ҳунар дар нафси худ давлат аст. Ҳунарманд ҳар ҷо, ки равад, қадр бинад ва дар садр (пешгоҳ) нишинад ва беҳунар ҳар ҷо ки равад, луқма чинад ва сахтӣ бинад.

Загрузка...

Иншо дар бораи устод >>

Устод – беҳтарин падар

Вақте афтод фитнае дар Шом,
Хар кас аз гушае фаро рафтанд.
Рустозодагони донишманд,
Ба вазирӣ подшо рафтанд.
Писарони вазири ноқисақл,
Ба гадоӣ ба русто рафтанд.
Подшоҳе писар ба мактаб дод,
Лавҳи симинаш бар канор ниҳод.
Бар сари лавҳи ӯ навишта ба зар:
«Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар!»
Мероси падар хоҳӣ, илми падар омуз,
К-ин моли падар харҷ тавон кард ба ду рӯз.


Чабри устод бех зи мехри падар, хикоя, шеър, хикоя аз Гулистони Саъди Шерози