Маълумот дар бораи сомона. Сомонаи Donishju.tj барои ройгон мавриди омӯзиш ва баҳрабардорӣ қарор додани маводҳои тоҷикӣ пешбинӣ шудааст. Истифодабарони шабакаи ҷаҳонии интернет метавонанд аз сомона маводҳоро боргирӣ (скачать) намоянд, мавзӯву мақолаҳоро мутолиа намоянд, фикру мулоҳизаҳои худро дар шарҳ гузоранд ва ё дар сомонаҳои иҷтимоӣ маводҳои тоҷикиро паҳн намоянд.

Сомона аз бахшҳои зерин иборат аст:

  1. Номгӯи мақолаҳо
  2. Китобҳо
  3. Мавзӯҳои дарсӣ
  4. Шеър, ғазал, рубоӣ
  5. Онлайн-тести ММТ

  1. Бахши “Номгӯи мақолаҳо”. Дар бахши “Номгӯи мақолаҳо” маводу мақолаҳои гуногун нашр мешаванд. Маводҳои омӯзишӣ, табрикоту таманиётҳои идона, маълумотҳои аҷиб, факту далелҳои ҷолиб, панду андарз, хазинаи маърифат ва дигар маводу мақолаҳои гуногун аз ҷумлаи маводҳои ин сомона ба шумор мераванд.

Маводҳои ин бахш ба гурӯҳҳои зерин ҷудо мешаванд:

Дониш, — Аҷиб, — Панду андарз, — Табрикот, — Гуногун.

Гуфтаҳои бузургон”, “Фактҳо аз донишҷӯёни олам”, “Идҳои Тоҷикистон”, “15 роҳи муваффақият дар зиндагӣ” аз ҷумлаи мақолаҳои ин бахш мебошанд.


  1. Бахши “Китобҳо”. Дар ин бахш китобҳои электронии илмиву бадеӣ оварда мешаванд. Истифодабар метавонад, дилхоҳ вақт ин китобҳоро ройгон боргирӣ (скачать) намуда, дар телефон ва ё компютери худ истифода барад. Дар оянда бо зиёд намудани китобҳо ин бахши сомона метавонад ба китобхонаи электронӣ табдил ёбад.

  2. Бахши “Мавзӯҳои дарсӣ”. Барои сарфа намудани вақт ва дар муддати кӯтоҳ ёфтани дилхоҳ мавзӯи дарсӣ дар шабакаи ҷаҳонии интернет ин бахши сомона хизмат мерасонад. Дар ин бахши сомона мавзӯҳои гуногуни дарсӣ барои донишҷӯён ва хонандагон пешниҳод мешаванд. Истифодабарандагон метавонанд бо интихоб намудани фанни таълимӣ ва ё ҷустуҷӯ дар сомона ва системаҳои ҷустуҷӯии Google ва Яндекс мавзӯҳои дарсии тоҷикиро дастрас ва мутолиа намоянд.

  3. Бахши “Шеър, ғазал, рубоӣ”. Дар ин бахш шеърҳо, ғазал ва рубоёти шоирону бузургони тоҷик оварда мешаванд.

  4. Бахши “Online-тести ММТ”. Дар ин бахш тестҳои Маркази миллии тестӣ оварда мешаванд. Истифодабар метавонад бархат (онлайн) тестҳои фанҳои имтиҳониро дар сомона истифода бурда, дониши худро санҷад. Сомона пас аз анҷоми тест ҷавобҳои онро бо фоиз ва ҷавобҳои дуруст пешниҳод менамояд.

Ашхосе, ки намехоҳанд мавод, китоб ва ё мақолаи худро дар сомонаи мо бинанд, метавонанд бо мо тамос гиранд, маводи мазкурро мо ҳазф менамоем.


Мехоҳед бо мо тамос гиред? Лутфан ба почтаи info@donishju.tj муроҷиат намоед!

Инчунин метавонед фикру мулоҳиза ва дархосту муроҷиатҳои худро тавассути тамоси зерин ба мо равон кунед:

Мақолаҳои охир

Мақолаҳои тасодуфӣ

Загрузка...

Мавзӯҳои дарсии тасодуфӣ