Аҳамияти тарбиявию ахлоқии «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ

Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ аз шоирон ва олимони намоёни адабиёти қарни XV-и тоҷик буда, дар вилояти Ҷоми Афғонистон зоида шудааст. Мавлоно Ҷомӣ аз сермаҳсултарин адибон ба шумор рафта, беш аз 50 адад асари илмию бадеӣ аз худ ба мерос гузоштааст, ки онҳо аз ҷиҳати мавзӯъ, сохт ва мазмун гуногун мебошанд.

Муҳимтарин асари Абудраҳмони Ҷомӣ «Баҳористон» мебошад, ки ҳамчун беҳтарин намунаи насри ахлоқӣ на танҳо дар миёни осори таълифнамудаи муаллиф, балки дар таърихи адабиёти асри XV мақоми ба назар намоёнро ишғол менамояд.

«Баҳористон» дар муддати ниҳоят кӯтоҳ дар пайравии «Гулистон»-и Шайх Саъдӣ эҷод шудааст. «Баҳористон» асари тарбиявию ахлоқӣ буда, аз муқаддимаву хотима ва ҳашт боб иборат мебошад.

Шоир осори худро ба баҳористони пур аз гулу райҳон ташбеҳ дода, муштоқони илму адабро ба мутолиа намудани он даъват менамояд:

Гузаре кун дар ин баҳористон.

То дар ӯ бинӣ гулистонҳо.

В-аз латоиф ба ҳар  гулистоне,

Раста гулҳо, дамида райҳонҳо.

Бидуни муболиға «Баҳроистон» ба мисоли баҳори гулафшон ва рангин аст, ки ҷӯяндаи маърифат аз он дурри маънӣ бардошта, ҳамеша аз он гулбоғи атромез кайфият ва лаззати манъавӣ мегирад. Дар «Баҳористон» ҳикояҳои кӯтоҳу пурмазмун, латифаҳои марғубу муассир хеле мӯҷазу барҷаста оварда шудаанд. Дар зимни ҳикояҳои дилангез порчаҳои шеъри зиёд ба шакли байт, фард, рубоӣ ва қитъа омадааст, ки адиби насиҳатгӯ баҳри тақвият бахшидан ба фикру андешаҳояш онҳоро зеби рақам задааст.

Ҳадаф аз иншои ин асар, пеш аз ҳама, ба роҳи дурусту мустақим ҳидоят намудани фарзанди худи адиб буд. Аз ин рӯ, адиби рӯзгордида афкори ҳакимонаи худро рӯи сафҳа кашида, андешаҳои ахлоқӣ ва парвариши хешро талқин медорад.

Мавлоно Ҷомӣ дар ин асар ба масъалаҳои гуногуни ҳаётӣ, ба монанди сабру таҳаммул, қаноат, саховатмандӣ, ҳурмат намудани волидон ва калонсолон, некиву накӯкорӣ, дӯстиву рафоқат фикрҳои қобили таваҷҷӯҳ изҳор доштааст. Панди Ҷомӣ панди бомақсад ва нишонрас мебошад. Бояд афзуд, ки ҳамаи ҳикояту ҳикматҳои адиб мазмуни баланди тарбиявӣ ва ахлоқиро дорост.

Бузургвор Ҷомӣ ба одамон аз рӯи дину мазҳаб ва миллату нажодашон муносибат намекунад, балки ба ҳар кадоми онҳо эҳтиром мегузорад. Ба ақидаи ӯ шоҳи бедину раиятнавоз аз шоҳи диндору зулмпеша муқаддамтар аст. Зеро шоҳро аз рӯи ақлу заковат ва адлу инсофаш қадр мекунанд:

Адлу инсоф дон, на куфру на дин,

Он чи дар ҳифзи мулк даркор аст.

Адли бедин низоми оламро

Беҳтар аз зулми шоҳи диндор аст.

Ҷомӣ фазилатҳои писандидаи инсонро сутуда, зишткориву бадкирдориро сахт маҳкум мекунад. Ӯ зимомдорони бадсиголу худписандро ба сӯи адлу дод мехонад. Ҳар фарде, ки ба ҳамнавъони худ зулмро раво мебинад, оқибат подоши онро хоҳад дид. Зеро ба андешаи шоир:

Ки ҳар кас кашад теғи намеҳрубонӣ,

Шавад куштаи теғи номеҳрубонон,

Ба ин минвол пандҳои судманд аз оғоз то анҷоми ин асари машҳур таъкид шудааст. Аз ин рӯ, суханони ҳакимонаи Ҷомии андарзгӯ дар тамоми давру замонҳо дар хидмати мардумон қарор гирифта, ҳеҷ гоҳ аҳамияти тарбиявию ахлоқии худро гум нахоҳад кард.


Калидвожаҳо: иншо ва мавзуи озод, Ахамияти тарбиявию ахлокии «Бахористон»-и Абдурахмони Чоми.

Шарҳ баста аст.