9-май – Рӯзи Ғалаба муборак! (Табрикот)

Агар пурсанд аз ман: “Чист аз ҷону бадан беҳтар?”

Ватан беҳтар, ватан беҳтар, ватан беҳтар, ватан беҳтар!


Ғалаба! Чӣ истилоҳи азизу пурқимат аст. Иди Зафаре, ки имрӯзҳо 74-умин солгарди он қайд карда мешавад, бар ивази ҷони супурдаи 26 миллион шаҳидони роҳи озодӣ ба даст омадааст.

Таҷлили ҳамасолаи ҷашни Ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи ҷангии падарони шӯҳратманд аст.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар радифи шаҳрвандони 15 кишвари иттифоқии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон 250 ҳазор сокинони ин мамлакати офтобӣ ихтиёрӣ ба фронт рафта, барои таъмини Ғалаба ба фишизми гитлерӣ ҷонбозиҳо намудаанд. Аз ин миқдор беш аз 90 ҳазор нафарашон ҷони худро аз даст дода, барои диловариҳои беназир 57 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шуданд. Зиёда аз 20 ҳазор ҷанговарони тоҷик сазовори ордену медалҳо гардиданд.

Ин ҷанги хонумонсӯз, ки дар таърихи башарият даҳшатноктарин ҷанг мебошад беш аз 1418 шабонарӯз идома ёфта, ҷони 26 миллион шаҳрванди собиқ мамлакати паҳновари Иттиҳоди Шӯравиро рабуд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1710 шаҳру шаҳрак, 70 ҳазор деҳаву русто, 6 миллион бино, 32 ҳазор корхонаҳои саноатӣ, 40 ҳазор шифохонаву муассисаҳои тиббӣ, 84 ҳазор мактабу техникум ва донишгоҳу паҷӯҳишгоҳҳо дар қаламрави Иттифоқи Шӯравӣ несту нобуд карда шуданд. Зиёда аз 5 миллион одамон бе сарпаноҳ монда, 4100 истгоҳи роҳи оҳан ва 65 ҳазор километр роҳи оҳан, 14 ҳазор пули қаторагузар вайрон гардида, 63 миллион сар ҳайвоноти калону хурди шохдор ба Германияи гитлерӣ фиристода шуд. Танҳо барои ба Германияи гитлерӣ фиристодани маҳсулоти хоҷагии халқи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ 1,4 миллион қатораро истифода бурданд.

Дар солҳои бисёр ҳам вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардуми ақибгоҳ, аз он ҷумла меҳнаткашони Тоҷикистон бо заҳмату корнамоиҳои худ дар таъмини ғалаба саҳми муносиб гузоштанд. Он солҳо кор дар корхонаҳои саноатӣ, хусусан комбинати арбешими Ленинобод, фабрикаи бофандагии «Красний ткач» ва дигарҳо ҳама аз рӯи шиори «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои Ғалаба» фаъолият мебурданд. Ҳар сокини Ватандӯст мехост камтарин имконияти худро барои дастгирии армияи советӣ ва аскарон қурбон кунад. Ва бо ҳамин рӯзу соати Ғалабаро тезонад.

Боиси ифтихор аст, ки ҷавонмардони хуҷандӣ дар қатори дигар диловарписарони Ватан дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ корнамоиҳои бемислу монанд нишон дода сазовори ордену медалҳои зиёди ҷангӣ гаштаанд. Аз ҷумла ҳамшаҳриёни мо Пӯлод Отаев ва Почобой Умаров сазовори ҳарсе дараҷа ордени «Шараф»-и ҷангӣ гардидаанд, ин баробар ба унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советист. Нисфи зиёди ҷанговарон аз майдони ҷанг барнагаштанд ва дар заминҳои Русияву Белорус, Укараинаву Молдова, Латвия, Литваю Эстония, Полшаю Булғория, Венгрияю Чехословакия, Руминияю Югославия ва лонаи фашистон – Германия ҷавонии ҷовидона ёфтанд.
Мо дар назди рӯҳи шаҳидони роҳи озодии Ватан, дар назди қаҳрамониҳои падарон сари таъзим фуруд меорем. Хотираи онҳоеро, ки бо гузашти солҳо бо зиндагӣ падруд гуфтаанд, пос медорем. Эҳтироми собиқадорони ҷанг ва оилаҳои шаҳидони ҷангро ҳамеша ба ҷо меорем.

Иншо дар мавзӯи 9-уми май — Рӯзи ғалабаро инҷо метавонед дастрас намоед.


Табрикотҳо

Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст.
Эҳсоси ватандӯстӣ ва мушкилнописандии фарзандони барӯманд ва ватандӯсти миллатамон буд, ки имрӯз барои мо, ки истиқлолияти давлати худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем, намунаи ибрат ва сабақ аст.
Бигзор насли ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ нерӯи худро танҳо барои ободии Ватани хеш сарф намояд.
Бо ҳамин нияти нек, банда, тамоми мардуми Тоҷикистонро бори дигар бо иди Ғалаба табрик намуда, ба ҳамаи шумо – собиқадорон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ тансиҳатӣ ва рӯзгори хушу осуда орзумандам.


Дар Рӯзи Ғалаба ба ҳамаи собиқадорони азиз саломатӣ, хушбахтӣ ва беҳтарин хушиҳои рӯзгорро таманно дорем!
Бигзор ҳамеша аз муҳаббат ва ғамхории атрофиёнатон баҳраманд бошед.
Бигзор фарзандон, наберагон ва аберагонатон беш аз ҳар вақти дигар дар бораи Шумо суханҳои саршор аз муҳаббату самимият бигӯянд.
Хушбахт ва дар амон бошед!
Умри дарозу саломатӣ ва хушҳоливу некрӯзӣ насибатон бод!


Дар остонаи  рӯзи пирузӣ бар фашизм, тамоми ҳамватанонро  ба муносибати яке аз идҳои бузург – 74-умин солгарди иди Ғалаба табрик менамоем!

Мо дар назди корнамоиҳои Қаҳрамонони ҷанг сари таъзим фуруд меорем ва ҳамеша дар хотир хоҳем дошт, ки ба туфайли чи гуна арзишҳо ба зиндагии осуда ва хушбахтии ҳаёт муввафақ шудаем… Дар  ин Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 90 ҳазор аз тоҷикистониҳо ба ин ҷанг фиристода шуда, 58 ҳазор нафарашон дар амалиётҳои ҷангӣ мардонигию шуҷоат нишон дода, сазовори ордену медалҳои давлатӣ гардиданд ва 57 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони аз ҳама баланди давраи Иттиҳоди Шӯравӣ – Қаҳрамони Иттиҳоди Шўравӣ сазовор шуданд.

Ин ҷашн дар дилҳои мо ҳамчун рамзи қаҳрамонӣ сабт гардидааст!

Ба ҳама сулҳу салоҳ, тани сиҳат  ва тамоми хушиҳои  зиндагиро хоҳонем!


Калидвожаҳо: Табрикот барои 9-уми май рузи галаба, рӯзи ғалаба, рузи ғалаба, табрикот барои рузи ғалаба, табрикот барои рузи галаба, расм, картинка.