9-май – Рӯзи Ғалаба (иншои озод)

Агар пурсанд аз ман: “Чист аз ҷону бадан беҳтар?”,

Ватан беҳтар, Ватан беҳтар, Ватан беҳтар, Ватан беҳтар!

Ғалаба! Чӣ истилоҳи азизу пурқимат аст. Иди Зафаре, ки имрӯзҳо 74-умин солгарди он қайд карда мешавад, бар ивази ҷони супурдаи 26 миллион шаҳидони роҳи озодӣ ба даст омадааст.

Таҷлили ҳамасолаи ҷашни Ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи ҷангии падарони шӯҳратманд аст.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар радифи шаҳрвандони 15 кишвари иттифоқии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон 250 ҳазор сокинони ин мамлакати офтобӣ ихтиёрӣ ба фронт рафта, барои таъмини Ғалаба ба фишизми гитлерӣ ҷонбозиҳо намудаанд. Аз ин миқдор беш аз 90 ҳазор нафарашон ҷони худро аз даст дода, барои диловариҳои беназир 57 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шуданд. Зиёда аз 20 ҳазор ҷанговарони тоҷик сазовори ордену медалҳо гардиданд.

Ин ҷанги хонумонсӯз, ки дар таърихи башарият даҳшатноктарин ҷанг мебошад беш аз 1418 шабонарӯз идома ёфта, ҷони 26 миллион шаҳрванди собиқ мамлакати паҳновари Иттиҳоди Шӯравиро рабуд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1710 шаҳру шаҳрак, 70 ҳазор деҳаву русто, 6 миллион бино, 32 ҳазор корхонаҳои саноатӣ, 40 ҳазор шифохонаву муассисаҳои тиббӣ, 84 ҳазор мактабу техникум ва донишгоҳу паҷӯҳишгоҳҳо дар қаламрави Иттифоқи Шӯравӣ несту нобуд карда шуданд. Зиёда аз 5 миллион одамон бе сарпаноҳ монда, 4100 истгоҳи роҳи оҳан ва 65 ҳазор километр роҳи оҳан, 14 ҳазор пули қаторагузар вайрон гардида, 63 миллион сар ҳайвоноти калону хурди шохдор ба Германияи гитлерӣ фиристода шуд. Танҳо барои ба Германияи гитлерӣ фиристодани маҳсулоти хоҷагии халқи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ 1,4 миллион қатораро истифода бурданд.

Дар солҳои бисёр ҳам вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардуми ақибгоҳ, аз он ҷумла меҳнаткашони Тоҷикистон бо заҳмату корнамоиҳои худ дар таъмини ғалаба саҳми муносиб гузоштанд. Он солҳо кор дар корхонаҳои саноатӣ, хусусан комбинати арбешими Ленинобод, фабрикаи бофандагии «Красний ткач» ва дигарҳо ҳама аз рӯи шиори «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои Ғалаба» фаъолият мебурданд. Ҳар сокини Ватандӯст мехост камтарин имконияти худро барои дастгирии армияи советӣ ва аскарон қурбон кунад. Ва бо ҳамин рӯзу соати Ғалабаро тезонад.

Майдони набарди зидди фашистон ва хатти ҷабҳаи ҷанг аз Тоҷикистони мо ҳазорҳо километр дур буданд. Вале садҳо ҳазор фарзандони бо ору номуси тоҷик, аз ҷумла вилояти Суғду шаҳри Хуҷанд бо амри дилу виҷдон ба ҳимояи Ватан рафтанд, ба даст яроқ гирифта паҳлу ба паҳлуи бародарони гуногунмиллату ҳаммароми худ зидди фашистон ҷангиданд ва ғалабаи оламшумули моро бар душмани ғаддор таъмин намуданд.
Ору номуси ватандорӣ буд, ки танҳо якумин рӯзи оғози ҷанг комиссариати ҳарбии шаҳр бештар аз 200 аризаи ихтиёриёнро ба қайд гирифт, давоми як ҳафтаи аввал бошад 805 нафар ленинободиён аризаи ба фронтравӣ доданд.
Боиси ифтихор аст, ки ҷавонмардони хуҷандӣ дар қатори дигар диловарписарони Ватан дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ корнамоиҳои бемислу монанд нишон дода сазовори ордену медалҳои зиёди ҷангӣ гаштаанд. Аз ҷумла ҳамшаҳриёни мо Пӯлод Отаев ва Почобой Умаров сазовори ҳарсе дараҷа ордени «Шараф»-и ҷангӣ гардидаанд, ин баробар ба унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советист. Нисфи зиёди ҷанговарон аз майдони ҷанг барнагаштанд ва дар заминҳои Русияву Белорус, Укараинаву Молдова, Латвия, Литваю Эстония, Полшаю Булғория, Венгрияю Чехословакия, Руминияю Югославия ва лонаи фашистон – Германия ҷавонии ҷовидона ёфтанд.
Мо дар назди рӯҳи шаҳидони роҳи озодии Ватан, дар назди қаҳрамониҳои падарон сари таъзим фуруд меорем. Хотираи онҳоеро, ки бо гузашти солҳо бо зиндагӣ падруд гуфтаанд, пос медорем. Эҳтироми собиқадорони ҷанг ва оилаҳои шаҳидони ҷангро ҳамеша ба ҷо меорем.

Табрикотҳоро дар мавзӯи Иди ғалаба дар расмҳо инҷо метавонед дастрас намоед.


Калидвожаҳо: мавзуи озод галаба 9-уми май, иншои озод дар мавзуи 9-уми май рузи галаба, иншои озод дар мавзӯи 9-ми май — рӯзи Ғалаба.

Шарҳ баста аст.