12
Uzayr Sharifov

Uzayr Sharifov 1 год назад

0
Репутация
0
Рейтинг
Uzayr Sharifov
  • Регистрация: 1 год назад

Анкета

Город:
Душанбе
Возраст:
20 лет

Предпочтения

Любимые фильмы:
Ишқи сиёҳ (kara sevda), Три метра над уровнем неба, Водии Гургон Дом (kurtlar vadisi pusu)
Любимая музыка:
Мусиқии оромкунанда грустны музика Гитара

Контакты

Телефон:
+992550556545
Вуз:
Донишгоҳи Техналогии Точикистон

Контакты

Skype:
rustam.sharipov.98

О себе

facebook.com/uzayrsharifov
instagram.com/uzayrsharipov
twitter.com/uzayrsharifov
vk.com/uzayrsharifov
telegram.com/uzayrsharifov
tumblr.com/uzayrsharifov
ok.ru/profile.masterrustamjon

Стена пользователя

Загрузка...
1 год назад
#

Аргентина
República Argentina
Шиор: «En Unión y Libertad»
Суруди миллӣ: «Himno Nacional Argentino»
Рӯзи истиқлолият (аз Испания)
Забони расмӣ Испанӣ
Пойтахт Буэнос-Айрес
Шаҳри калонтарин Буэнос-Айрес
Идораи давлат
Президент
Ноиби Президент
Сарвазир Маурисио Макри
Габриэла Мичетти
Маркос Пеня
Масоҳат
• Ҳамагӣ
• Фоизи об. 8-ум ҷой дар ҷaҳон
2 780 400 км²
1.57% %
Аҳолӣ
• Ҳамагӣ (2015)
• Зичӣ 32-ум ҷой дар ҷaҳон
43,417,000
14.4 нафар/км²
Пули миллӣ Песои Аргентина
Интернет-Домен .ar
Коди телефон +54
Соат UTC -3
Аргенти́на (испанӣ: Argentina), номи рамсии пурра — Ҷумҳурии Аргентина (испанӣ: República Argentina [reˈpuβlika aɾxenˈtina]) — дуюмин давлат (пас аз Бразилия) аз ҷиҳати масоҳат, сеюмин (пас Бразилия ва Колумбия) аз рӯи аҳолӣ дар Амрикои Ҷанубӣ мебошад.
Мавқеи ҷуғрофию табиӣ
Аргентина дар қисми ҷанубу шарқии Америкаи Ҷанубӣ ҷойгир шудааст. Масоҳаташ 2,8 млн км2 (ғайр аз ҷазираҳои Фолкленд – ҳудуди баҳсии байни Аргентина ва Британияи Кабир). Аҳолиаш 40,2 млн нафар (2009). Пойтахташ – Буэнос-Айрес (наздики 13 млн нафар). Қисми ҷанубу шарқии Америкаи Ҷанубӣ, қисми шарқии ҷазираи Замини Оташин, ҷазираҳои ба он наздики Эстадос ва ғайраро дар бар мегирад. Дар ғарб бо Чилӣ, дар шимол ва шарқ бо Боливия, Парагвай, Бразилия ва Уругвай ҳамсарҳад аст. Аргентина федератсияест иборат аз Округи федералӣ (маркази маъмуриаш Буэнос-Айрес) ва 22 музофот. Шаҳрҳои калонтаринаш: Санта-Фе, Кордова, Росарио, Тукуман, Ла-Плата ва ғайрасри Забони давлатӣ – испанӣ, дини ҳукмрон – католикӣ, пули миллӣ – песо. Иди миллӣ – Рӯзи Револютсия (25 май).
Cохти давлатӣ
Аргентина – республикаи федеративӣ. Сардори давлат ва ҳукумат – Президент, ки ба мӯҳлати 4 сол интихоб мешавад (ҳуқуқи ба давраи дуюм интихоб шуданро дорад) ва ҳамзамон Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳ мебошад, Сарвазир ва Суди олиро таъйин мекунад. Мақоми олии қонунбарор – Конгресси миллӣ, ки аз Сенат (72 аъзо) ва Палатаи намояндагон (257 аъзо) иборат буда, ба мӯҳлати 4 сол интихоб мешаванд. Суди олӣ (иборат аз 9 аъзо)-ро Президент таъйин ва Сенат тасдиқ мекунад. Аз 20 ҳизби сиёсӣ Иттифоқи радикалии гражданӣ, Фронти ҳамраъйии Аргентина машҳуртаранд. Аргентина узви СММ, Хазинаи Байналмилалии Асъор, Иттиҳоди давлатҳои Америка ва наздики 70 ташкилоти дигари сиёсию иқтисодии ҷаҳон мебошад. Муносибатҳои дипломатиаш бо Тоҷикистон аз 3. 5. 2011 барқарор шудааст.
Табиат
Сабаби гуногунии шароити табиии Аргентина ба масофаи хеле зиёд тӯл кашидани ҳудудаш аст (аз шимол ба ҷануб – 3700 км, аз ғарб ба шарқ – 1400 км). Аз ҷиҳати сохти геологӣ қисми ғарбии Аргентина ба геосинклинали чиндори Анд ва қисми шарқиаш ба платформаи Америкаи Ҷанубӣ мансуб аст. Пастии Чако-Пампа аслан бо зинаҳои баҳрии давраи девону перм ва вулқонии давраи триас пӯшида шудааст. Асоси плитаи Патагонияро зинаҳои метаморфии токембрий ташкил медиҳанд. Релйефи Аргентина дар шарқ ҳамвор, дар ғарб кӯҳсор аст. Тамоми шимолу шарқ онро пастии Ла-Плата ишғол кардааст, ки ин пастӣ аз ҳамвориҳои Гран-Чако, Энтре-Риос (байни дарёҳои Парана ва Уругвай) ва Пампа иборат мебошад. Дар ҷанубу ғарб Аргентина паҳнкӯҳи Патагония (то 2000 м) ва дар ғарб он паҳнкӯҳи Пуна (то 4000 м), дар ғарб кӯҳҳои Анд бо қуллаҳои баландтарини Америкаи Ҷанубӣ – Аконкагуа (6959 м), Тупунгато (6800 м) ва Мерседаро (6500 м) воқеъ гардидаанд.

Сарватҳои зеризаминӣ[вироиш]
Аргентина аз сарватҳои зеризаминӣ бой аст, захираҳои зиёди мис, руҳу сурб, сулфур, уран, вол­фрам, литий ва маъдани оҳан дорад. Аргентина аз ҷиҳати захираи уран аз ҷумлаи даҳ давлати ҷаҳон мебошад. Захираҳои калони нефту газ дар қисми соҳилии Патагония ва ҷазираи Замини Оташин, ангишти сиёҳтоб дар мавзеи Санта-Крус (Рио-Турбио) кашф шудаанд. Масолеҳи сохтмонии мармар ва хоро низ ҳаст.

Иқлим
Иқлими Аргентина аз се минтақаи иқлимӣ – тропикӣ, субтропикӣ ва мӯътадил иборат аст. Ҳарорати миёнаи солона аз 24°С дар шимол то 5°С дар ҷануб тағйир меёбад. Дар ҳамвориҳо – иқлим тропикӣ (ҳарорати миёнаи январ (тобистон) 30°С, июл (зимистон) 20°С, боришоти солона то 900 мм), дар ноҳияҳои марказӣ – субтропикӣ (ҳарорат миёнаи январ 23°С, июл 9°С, боришот то 1000 мм), дар Патагония – мӯътадили нимбиёбонӣ (ҳарорат миёнаи январ аз 12 то 22°С, июл – аз 2 то 5°С, боришот 100 – 250 мм). Иқлими кӯҳистони Анд баландкӯҳи биёбонист. Обҳои дохилӣ дар ҳудуди Аргентина нобаробар тақсим шудаанд. Дарёҳои асосӣ: Парана бо шохобҳояш Парагвай, Рио-Саладо, Уругвай, силсила­дарёҳои Рио Бармехо – Десагуа-деро – Чадилеуву-Курако; Рио-Колорадо, Чубут, Рио-Десеадо ва ғайра аҳамияти калони киштигардӣ ва энергетикӣ доранд. Дар кӯҳҳои Анд кӯлҳои калони пиряхӣ – Науэл-Уапи, Лаго-Архен­тино, Буэнос-Айрес, Сан-Мартин, Вйедма ва ғайра, дар маркази Энтре-Риос ва Пампа ботлоқзорҳои бисёре воқеанд. Қариб дар сеяки ҳудуди Аргентина аз норасоии об танқисӣ мекашанд. Гуногунии муҳити табиӣ ба хусусият ва таркиби хоку наботот бетаъсир намондааст. Дар шимол Аргентина хок – сурхи ҷигарӣ, дар шарқ, ки намнокӣ бештар аст, хок марғзории ботлоқӣ, дар водиҳои Пампа – серҳосили сиёҳтоб, дар нимбиёбонҳои Пампа – хокистарии камҳосил.

Наботот асосан аз марғзори сернами дашту саванна ва ҷангали кӯҳсори субтропикӣ иборат аст. Аз дарахтони нодир кебрачо (дар таркибаш танин дорад) ва ягона дар ҷаҳон чакалакзори арраян (як намуди мирта) ҳастанд.

Дар олами ҳайвонот намудҳои эндемӣ – оҳу ва гурбаи пампаӣ, саги магелланӣ, хирси айнакдор, шиншилла, гуанако (як намуди лама) мавҷуданд. Намудҳои гуногуни оҳу ва маймун, рӯбоҳи хокис­тарранг, шафпушт, нутрия, зиёда аз 50 намуд мор, хояндаи калонтарин – карпинчо (вазнаш то 65 кг), мӯрчахӯр ва ғайра ҳастанд. Дарёҳояш аз моҳӣ бой аст. Парандагон, махсусан лаклак, нанду, намудҳои гуногуни тӯтӣ ва колибри зиёданд. Аргентина дорои зиёда аз 30 боғи миллӣ ва мамнӯъгоҳ буда, дар музофоти Энтре-Риос, дар соҳили дарёи Уругвай ҷангали ҷанубтарини ҷаҳон – иборат аз нахлҳои 15-метра ва дарозумр (то 500 сол), дар Патагония 13 пирях, дар нимҷазираи Валдес ягона дар ҷаҳон анклави табиӣ – макони зисти моржҳо (вазнашон то 4 т), дар димоғаи Томбо колонияи бузурги пингвинҳо (макони берун аз ҳудуди Антарктикаи зисташон) мавҷуданд. Заминҷунбӣ дар баъзе мавзеъҳои кӯҳҳои Анд, бӯронҳои шадид дар Пампа ва ноҳияҳои шимолу шарқӣ, обхезиҳо аз хатарҳои табиӣ; ифлосшавии об, ҳаво, биёбоншавӣ аз масоили экологии Аргентина мебошанд.
Аҳолӣ

Аксарияти аҳолии Аргентина-ро аргентинагиҳо – авлоди муҳоҷирон аз Испания, Италия, Франсия ва Полша ташкил медиҳанд. 92 фоизи аҳолӣ муътақиди католисизм, 2% – ҷараёни протестантӣ, боқимонда 6% мусулмон, буддоӣ ва яҳудиён мебошанд. Сатҳи таваллуд пасттарин дар Америкаи Лотинӣ, дарозумрӣ ба ҳисоби миёна 75,5 сол аст. Сокинони Аргентина бештар дар қисми соҳилии Пампа ҷойгир шуда, 89% аҳолӣ шаҳрнишинанд. Зичии аҳолӣ гарчанде дар Аргентина 13 нафар дар 1 км2 муайян шудааст, дар шаҳрҳо, махсусан Буэнос-Айрес ва Санта-Фе бештар аз 100 нафар дар 1 км2 мебошад. Аҳолии деҳот зиёд нест. Азбаски барои заминдории калони механиконидашуда ва чорводории махсусгардонидашуда ба қувваи кории дастӣ эҳтиёҷ нест, Аргентина-ро мамлакати аграрии бекишоварз (бедеҳқон) меноманд.
Аргентина – ҷумҳурии федеративӣ, ки ба вай 23 вилоятҳо ва ҳавзаи автономии пойтахти медароянд.

Пойтахти Федералӣ Буэнос-Айрес
Буэнос-Айрес
Катамарка
Чако
Чубут
Кордова
Корриентес
Энтре-Риос
Формоса
Жужуй
Ла-Пампа
Ла-Риоха
Мендоса
Мисионес
Неукен
Рио-Негро
Салта
Сан-Хуан
Сан-Луис
Санта-Крус
Санта-Фе
Сантяго-дел-Эстеро
Замини Оташӣ, Антарктида ва ҷазираҳои Атлантики Ҷанубӣ


Таърих
Пайдоиши инсонро дар ҳудуди Аргентина мансуби ҳазорсолаи 8 – 7 то милод медонанд. То авв. асри 16 дар ин ҳудуд қабилаҳои гуногуни ҳиндиҳо (диагит, кечуа ва ғайра) сокин буданд, ки сатҳи баланди тамаддун, роҳу пулҳо, иншооти обёрӣ доштанд. Соли 1516 баҳрнавардони испанӣ ба соҳили д. Ла-Плата расида, пойгоҳи мустамликавии худро барқарор ва онро ба ҳайати шоҳигарии Перу дохил карданд. Қабилаҳои бумӣ ғулом шудаву қир мегардиданд, қисме дар кӯҳҳои Анд паноҳ мебурданд. Охири асри 16 ин ҷо се вилояти мустамликавӣ – Тукуман, Буэнос-Айрес ва Куйо, соли 1776 шоҳигарии Рио-де-ла-Плата (мутааллиқи шоҳигарии Испания) – фарогири ҳудудҳои Аргентина-и кунунӣ (то Рио-Негро), Боливия, Парагвай ва Уругвай таъсис ёфт. Кишоварзӣ ва баъзе намудҳои истеҳсолот инкишоф ёфта, дар Кордова аввалин Донишгоҳ ташкил шуд. Солҳои 1806 – 1807 қӯшунҳои Британия кӯшиши ишғоли Буэнос-Айресро карданд, вале муваф­фақ нашуданд. Рушди иқтисод, таназзули империяи мустамликавии Испания ва болоравии ҳаракати миллӣ-озодихоҳӣ дар кишварҳои Америкаи Лотинӣ барои соҳиби истиқлол шудани Аргентина замина фароҳам меовард. Баъди ба Испания дохил шудани Наполеони I моҳи майи 1810 дар Буэнос-Айрес шӯриш ба амал омада, ноиб-шоҳи испанӣ сарнагун ва Хунтаи муваққатии ҳукумати Ла-Плата эълон шуд. Ин «инқилоби май» як қисми ҳаракати озодихоҳии тамоми Америкаи Лотинӣ барои раҳо ёфтан аз юғи Испания буд (сарвараш Х. де Сан-Мартин). Иттиҳоди вилоятҳои Америкаи Лотинӣ (баъдтар Иттиҳоди Рио-де-ла-Плата, Аргентина-и кунунӣ) июли 1816 худро соҳибистиқлол эълон кард, соли 1819 конститутсияи аввалин қабул шуд.

Таърихи минбаъдаи Аргентина муборизаи байни тарафдорони ҳокимияти ягонаи марказӣ ва ҷонибдорони сохти худидории маҳаллӣ буд. Соли 1826 конститутсияи нав қабул гардида, мамлакат Республикаи Федеративии Аргентина ном гирифт. Аввалин президент Б. Ривадавияро баъди се соли ҳокимияташ – соли 1829 ҳокими Буэнос-Айрес, заминдор Х. М. Росас ҷойгузин шуд, ки диктатурааш то соли 1852, то сарнагун гардиданаш идома ёфт. Соли 1853 конститутсияи нави ҳаммонанди Сарқонуни ШМА қабул гардид (шакли давлатдории федералӣ бо сарварии президент). Аммо Буэнос-Айрес ба ин федератсия дохил нашуд. Зиддият то соли 1860 идома ёфта, соли 1862 губернатори Буэнос-Айрес Б. Митрес Президент интихоб гардид. 70 соли минбаъдаи дар фазои оромии сиёсию иқтисодӣ басарбурдаи кишвар Аргентина-ро ба сатҳи давлатҳои мутараққӣ баровард (инкишофу тавсеаи роҳи оҳан, содироти ғалла, гӯшт ва пашм ба Аврупо). Ҳукумат воридшавии маблағҳои хориҷӣ ва қабули муҳоҷиронро дастгирӣ мекард. Дар натиҷа, аҳолии 800-ҳазораи Аргентина (дар соли 1852) то соли 1914 ба 8 млн расид, шаҳрсозӣ тараққӣ кард, системаи бисёрҳизбӣ ҷорӣ шуд, соли 1912 ҳуқуқи интихоботи умумӣ эълон гардид. Намояндаи ҳизби Иттиҳоди радикалии шаҳрвандӣ И. Кригойен соли 1916 Президент интихоб шуд. Ҳукумати Ҳизби радикалӣ дар роҳи ривоҷи саноати миллӣ чораҳо андешида, сиёсати мустақили беруна мебурд.

Аргентина дар ибтидои асри 20
Дар ибтидои асри 20 Аргентина ба яке аз давлатҳои бойи ҷаҳон табдил ёфт. Ба ин ҷо аз мамлакатҳои дигар, махсусан Аврупо, ба миқдори зиёд муҳоҷирон меомаданд. То табаддулоти ҳарбии соли 1930 Аргентина ҳаёти осуда дошт ва тараққӣ мекард. Дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939 – 45) Аргентина худро бетараф эълон кард. Соли 1943 дар натиҷаи табаддулоти нав диктатураи ҳарбӣ барқарор шуд. Соли 1946 полковник Х. Д. Перон Президенти Аргентина интихоб гардид. Ҳамсари ӯ Эва бо барномаҳои иҷтимоии ҷори­намудааш эътибор пайдо кард. Баъди ноил гардидан ба пешравиҳои зиёд ва гузарондани якчанд ислоҳоти иҷтимоию иқтисодӣ эътибори Перон бештар гашта, соли 1952 ба давраи дуюм аз нав Президент интихоб шуд. Баъди тезутунд шудани муносибати Перон бо калисои католикӣ (мехост заминҳои вақфро давлатӣ гардонад) соли 1955 табаддулоти навбатӣ рух дода, ӯро сарнагун ва бадарға карданд. То соли 1976 дар Аргентина боз се табаддулоти ҳарбӣ ба амал омада, ба ҷойи як ҳукумати ҳарбӣ ҳукумати дигари ҳарбӣ меомад (П. Э. Арамбуру, Аргентина Фрондиси, Аргентина Илйиа). Ҳукумати генерал Аргентина Аргентина Лануссе (1971 – 1973) мамлакатро аз бӯҳрони иқтисодӣ ва сиёсӣ бароварданӣ шуда, барои барқарор кардани шакли конститутсионии идораи мамлакат тадбирҳо андешид, интихоботи президентро гузаронд. Ҳаммаслаки Перон Э. Кампора ба сари ҳокимият омада, тадбирҳои прогрессивӣ андешид, вале гурӯҳҳои мухолифи ростҳо ва радикалҳо Кампораро маҷбур карданд, ки соли 1973 ба истеъфо барояд. Перон боз ба сари ҳокимият омад, вале соли 1974 ногаҳон вафот кард. Солҳои 1976 – 1981 боз давраи табаддулот, ивазшавии ҳукуматҳои ҳарбӣ ва терроризм гардид.
Соли 1982 бо мақсади сабук кардани бӯҳрони иқтисодӣ сарвари онвақтаи Аргентина Л. Галтиерӣ хост ҷазираҳои Фолкленд (Малдив)-ро, ки аз соли 1883 мулки Британия буд, забт намояд, вале дар ин ҷанг шикаст хӯрд ва мустаъфӣ шуд. Соли 1983 дар натиҷаи гузарондани интихоботи демократӣ Р. Алфонсин – намояндаи Иттифоқи граждании радикалҳо, соли 1989 К. С. Менем – роҳбари Ҳизби хутсиалистӣ (истилоҳи ҷорикардаи Перон, ки маънояш барпо кардани давлати боадолат ё адолатпеша аст) сари қудрат омаданд. Ба Менем муяссар шуд, ки иқтисоди мамлакатро баланд бардорад ва вазъи муназзами сиёсиро пойдор намояд. Ин буд, ки ӯ соли 1995 дуюмбора Президент интихоб шуд. Ҳизби хутсиалистӣ ё перонистӣ, ки сарвараш Менем буд, ҳангоми интихобот ба Конгресс дар Палатаи намояндагон аксари ҷойҳоро ишғол кард.

Буҳрони иқтисодии Аргентина
Буҳрони иқтисодии Аргентина
Ислоҳоти иқтисодие, ки соли 2001 вазири иқтисод Кавалло гузаронд, боиси бӯҳрони шадиди молиявӣ гардид (дефолт, паст рафтани қурби песо; побанди доллар шудан – чун Аргентина бонки марказӣ надошт), Хазинаи Байналмилалии Асъор низ шартҳои вазнин гузошт. Дар ин давра миқдори бекорон ба 22 – 24% расида, бӯҳрони иқтисодӣ авҷ гирифт. Паймони (коалитсияи) «Алянс» – ғолиби интихоботи соли 1999 низ аз ӯҳдаи пешгирии ин вазъ баромада натавонист ва дек. 2001 истеъфо дод. Дар интихоботи соли 2003 губернатори музофоти Санта-Крус, пешвои ҳаракати «Фронти ғалаба» Н. Кричнер Президенти Аргентина интихоб шуд.
Иқтисод

Аргентина мамлакати аграрию саноатӣ аст. Ҷиҳати фарқкунандаи соҳаи кишоварзии Аргентина аз дигар дав­латҳои Америкаи Лотинӣ дар он аст, ки бо вуҷуди дар ин соҳа ҳамагӣ 1 фоизи аҳолӣ машғул будан, ӯ худро бо маҳсулоти хоҷагии қишлоқ пурра таъмин карда, ба миқдори зиёд аз ин мавод содир мекунад (50%-и даромади содиротии Аргентинаро ташкил медиҳад).
Кишоварзӣ
Аз ҷиҳати саршумори чорвои калони шохдор (қариб 60 млн) Аргентина дар ҷаҳон ҷойи шашум, аз ҷиҳати истеъмоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва гӯшт ба ҳар сари аҳолӣ ҷойи аввалро ишғол мекунад. Аргентина истеҳсолкунанда ва содиркунандаи намоёни гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ аст. Дар саноати хӯрокворӣ истеҳсоли соя, равғанҳои растанӣ, орд, шароб низ бартарӣ дошта, аз ҷиҳати ҷамъоварии гандум дар ҷаҳон мавқеи калон дорад.
Саноат
Саноати сабук бо соҳаҳои худ қариб дар ҳамаи музофотҳои Аргентина ҷойгир шудааст. Истеҳсол ва содир кардани чарму пойафзор соҳаи пешрафтаи он аст. Корхонаҳои саноати вазнин дар пастиҳои Парана, минтақаҳои саноатии байни Буэнос-Айрес ва Росарио ва асосан дар Буэнос-Айреси Калон (бо агломератсияаш) ҷойгир шудаанд. Аргентина аз ҷиҳати истихроҷи нефт дар Америкаи Лотинӣ ҷойи чорумро ишғол карда, аз рӯи захираҳои уран дар ҳайати даҳ давлати пешрафтаи ҷаҳон аст. Аргентина бо тадқиқоти илмии соҳаи энергетикаи ядроӣ ва саноати уран машҳур аст. Истеҳсоли сурбу руҳ, мис, алюминий соҳаҳои тараққикардаи металлургияи рангаи кишваранд.
Мошинсозӣ
Мошинсозӣ (ширкатҳои «Форд», «Крайслер», «Тойота», «Пэжо» дар Аргентина заводҳои худро доранд), электротехника (заводҳои IBM, Siemens), киштисозӣ (дар Буэнос-Айрес, Энсенада), самолётсозӣ (Кордова) низ аз соҳаҳои рушдкарда мебошанд.
Энергетика
Дар соҳаи саноати сӯзишворию энергетикӣ мавқеи асосиро истихроҷи нефту газ ва гидроэнергетика мегирад. Баъди кашфи кони газ дар музофоти Нуакен истеҳсоли солонаи он ба 50 млрд м3 расида, талаботи саноат ва аҳолиро пурра таъмин кард. Аргентина дар Америкаи Лотинӣ аввалин шуда ба энергияи атомӣ рӯ овард (зиёда аз 10%-и истеҳсоли барқи мамлакат): нерӯгоҳҳои атомии «Атуча» (1974), «Эмбалсё», «Атуча-II»; 61,3%-и қувваи барқ ба тавассути неругоҳҳои аловӣ, 29,6% дар НБО-ҳо тавлид мешавад. Истихроҷи ангишт, маъдани оҳан, алюминий, руҳ, мис, уран, тилло, нуқра, сулфур, гипс, асбест, мармар; истеҳсоли чӯян ва пӯлод дар иқтисоди Аргентина мавқеи муҳим дорад. Корхонаҳои калонтарини коркарди маъдани кӯҳӣ дар Катамарка, Санта-Крус, Сан-Хуан, Мендоса, Жужуй ҷойгиранд. Металлургия ва мошинсозӣ низ аз соҳаҳои асосии саноати вазнини Аргентина мебошад. Дар байни кишварҳои тараққикарда Аргентина истеҳсол ва содиркунандаи намоёни дастгоҳҳо мебошад.
Саноати кимиё
Корхонаҳои саноати химия, истеҳсоли кислотаи бор, дорусозӣ, чармгарӣ (аз ҷумла пойафзор ва либоси чармӣ) нассоҷӣ (матоъҳои пахтагӣ, пашмӣ, катонӣ), маҳсулоти бофандагии дастӣ ва ғайра фаъоланд. Аргентина дар минтақа бо неруи илмию техникӣ ва инкишоф додани технологияҳои нав фарқ мекунад. Шарикони асосии тиҷоратии Аргентина: Бразилия, ШМА, Хитой, Чилӣ, Голландия, Германия. Аргентина содиркунандаи машҳури маҳсулоти кишоварзӣ, автомошинаҳо, таҷҳизоти саноати хӯрокворӣ, коғаз, технология ва ғайра буда, узви Ассотсиатсияи интегратсияи Америкаи Лотинӣ аст. Соли 1991 байни Аргентина, Бразилия, Парагвай ва Уругвай оид ба таъсиси бозори ягона – Меркосур, ки барои додугирифти озод, ҳаракати бемамониати молу мавод ва хизматрасонӣ мусоидат мекунад, аҳднома ба имзо расидааст. Туризм низ дар Аргентина соҳаи тараққикарда аст.
Туризм
Ғайр аз сайёҳони кишварҳои Америкаи Лотинӣ ба Аргентина аз Аврупои Ғарбӣ ва солҳои охир аз Япония барои тамошои ҷангалҳои тропикӣ, махсусан яке аз бузургтарин шаршараҳои олам – Игуасу, курортҳои лижаронии сатҳи байналмилалии Сан-Карлос-де-Барилоче, кӯлҳои зебои кӯҳӣ, ягона дар ҷаҳон пиряхи маскун – Перито-Морено, макони зисти колонияи бузурги пингвинҳо Уилуая ва ғайра ҳар сол наздики 3 млн одам меояд.
Хизмати маишӣ
Дар Аргентина зиёда аз 7,5 ҳазор меҳмонсарой фаъолият мекунад. Комитети олимпии Аргентина соли 1927 таъсис ёфтааст. Ёрии тиббӣ аз ҷониби иттифоқҳои касаба, суғуртаи давлатӣ ва ихтиёрӣ, госпитал ва клиникаҳои давлатӣ расонда мешавад. Духтурон дар факултетҳои тиббии донишгоҳҳо таълим мегиранд. Дастгирии маблағии кооперативҳои тиббӣ аз ҷониби давлат ба пешравии соҳа мусоидат кард. Дар соҳаи тиб Аргентина духтурони машҳур, олимони навовар, аз ҷумла се нафар дорандаи Мукофоти Нобелро дорост, ки дар соҳаи бемориҳои дил, тоза кардани хуни лахтбастаи он, ихтирои асаби ангезандаи дил, такмили афзори ҷарроҳии дил ва дигар узвҳо, хунгузаронии безарар ва ғайра дастовардҳои нодирро соҳиб гаштаанд.
Маориф ва илми Аргентина

Сатҳи саводнокии аҳолӣ дар Аргентина ба 97% мерасад. Дар системаи маорифи мамлакат таълимоти томактабӣ, маълумоти ибтидоӣ, миёна, касбию техникӣ ва олӣ ҷорист. Дар Аргентина маълумотгирӣ дар тамоми сатҳҳо ройгон аст (аз соли 1984). Зиёда аз 90%-и мактабҳо давлатӣ, боқимонда хусусианд (аз ҷумла мактабҳои католикӣ). Аз 85 донишгоҳ 38-тоаш давлатӣ мебошад. Мактабҳои олии намоёни мамлакат: Донишгоҳи Буэнос-Айрес, Донишгоҳи католикии Аргентина (хусусӣ), донишгоҳҳои миллӣ дар Ла-Плата, Кордова, Росарио, Тукуман, Мендоса, Санта-Фе (ҳама давлатӣ); донишгоҳҳои Эл-Салвадор, Маймонидес, Сан-Андрес, Палермо ва ғайра (хусусӣ).

Дар замони мустамлика будани Аргентина таҳқиқоти илмӣ аз ҷониби олимони муҳоҷир дар маъбадҳои католикӣ бурда мешуд. Аз асри 19 донишгоҳҳо, лабораторияҳо ва музейҳо марказҳои илм гардиданд. Муассисаҳои илмии куҳантарин: Академияи миллии тиб (1822, Буэнос-Айрес), Академияи илмҳо (1873, Кордова), Академияи миллии илмҳои дақиқ, физика ва табиатшиносӣ (1874), Лабораторияи электротехникии назди Донишгоҳи Буэнос-Айрес, Музейи ботаникӣ (1870, Буэнос-Айрес), Расадхона (1871, Кордова) ва ғайра Соҳаи илмро дар мамлакат Котиботи федералӣ оид ба илм ва техника ва Шӯрои давлатӣ оид ба илм муттаҳид ва танзим мекунанд. Аз ибтидои асри 20 дар Аргентина зиёда аз 1000 институти илмию тадқиқотӣ ва лабораторияҳо фаъолият доранд, зиёда аз 400 номгӯи нашрияҳои илмию информатсионӣ ба табъ мерасанд. Аргентина барномаи хусусии ядроӣ дошта, соли 1957 реактори таҳқиқотӣ ва соли 1974 аввалин дар Америкаи Лотинӣ реактори тиҷоратиро сохта ба истифода дод. Объектҳои ядроӣ бо истифода аз технологияҳои аргентинӣ дар Перу, Алҷазоир, Австралия, Миср сохта шудаанд. Аргентина узви Шӯрои мудирони МАГАТЭ буда, паҳн нагардидани яроқи ядроиро пуштибонӣ ва таъмини бехатарии глобалии ядроиро дастгирӣ менамояд. Аргентина якчанд ҳамсафари маснуии заминро ба мадор бароварда (1990, 1996, 2007), Агентии кайҳонии CONAE ва расадхонаи таҳқиқкунандаи шуоъҳои кайҳониро дар музофоти Мендоса дорост.
Адабиёти Аргентина
Ҷиҳати фарқкунандаи адабиёти Аргентина мувоҷеҳ будани ӯ ба адабиёти ғарб аст. Чунки таърихан аҳолии он аз ҳисоби муҳоҷирони кишварҳои гуногуни Аврупо пурра шуда, ҳар қавм ин ҷо «адабиёти худро» меовард. Дар асарҳо ба ҳам омадани анъанаҳои маҳаллӣ бо анъанаҳои европоӣ (бештар метрополияи ис­панӣ) ва умумиҷаҳонӣ мушоҳида мешавад. Солҳои 1810 – 80 класситсизми инқилобии ватандӯстона (Б. де Монтеагудо, П. Риварола, Э. де Лука), баъди эълон шудани истиқлолият ҷараёни романтизм ҳукмрон шуд (Э. Эчеверриа, Х. М. Гутеррес, Д. Сарменто). Адабиёт ва назми «гуачо» – инъикоскунандаи ҳаёти чӯпонон ва чорводорони калон – падидаи хоси адабӣ шуд (Б. Идалго, Э. дел Кампо, И. Аскасубӣ). Дар нимаи 2-юми асри 19 адабиёти «костумбристӣ» (панду ахлоқӣ) тараққӣ кард (Х. М. Эстрада, Ф. Сикардӣ, К. М. Окантос). Солҳои 1900 – 1940 дар адабиёти Аргентина ду иттиҳодия: гурӯҳи «Флорида» (Лугонес, О. Хорондо, Х. Л. Борхес) – шиораш «санъат барои санъат» ва «Боэдо» (Р. Арлт, С. Тйемпо, Аргентина Юнке) – бо шиори «санъат барои ҳаёт» ба майдон омаданд. Борхес ва Кортасарро «сутуни» адабиёти аргентинӣ меҳисобанд. Адибони солҳои 1940 – 60 бештар ба лирика рӯй меоварданд (В. Варберӣ, О. Ороско). Дар қатори асарҳои дар рӯҳи реализм эҷодшуда (Э. Л. Кастро, Э. Сабато) осори мавҳуми даркаш ба хонанда ҳаволашуда ба табъ мерасиданд (Аргентина Биой Касарес, Кортасар). Баъди солҳои 70 ва 90 асри 20 адибони ҷараёни «навтарин» падид омаданд, ки бештар ба кушодани характери миллии қаҳрамонон ва талқини ғояҳои реализми нав мекӯшиданд (Аргентина Кастило, М. Пуиг, Х. Салас). Шоирони гуманизми нав зери таъсири адабиёти замони охири англис ва италиявӣ қарор доранд. Дар байни адибони имрӯза Аргентина Поссе, Т. Элой Мартинес, Ф. Андахазӣ мавқеи намоён доранд.

Чор нависандаи маъруфи аргентинӣ. Julio Cortázar, Victoria Ocampo, Jorge Luis Borges ва Adolfo Bioy Casares
Меъморӣ ва санъати тасвирӣ
То истилои Аргентина аз ҷониби испаниҳо дар ҳудуди мамлакат осори маданияти бадеии қабилаҳои кӯчманчии чако ва араукан, аз қабили матоъҳои мунаққаш, ҳайкалчаҳо, ашёи сафолии сирдодашудаи тасвирдор ва ғайра маҳфуз мондаанд. Баъди истилои испаниҳо маданияти ҳиндиёни Аргентина таназзул кард. Дар давраи мустамлика биноҳо шакли одӣ дошта, аз лойкулӯлаҳои коҳдор ва похса сохта мешуданд, сохтмони хиштӣ танҳо дар Буэнос-Айрес вомехӯрд (бештар дар шакли испанӣ ва мавританӣ). Шаҳрҳои Буэнос-Айрес, Кордова, Салта, Санта-Фе дар аҳди Карли V дар шакли росткунҷа (бо шабакаи кӯчаҳои баробар тақсимшуда), ки дар мобайн майдони марказӣ ва калисои ҷомеъро ҷой медоданд, сохта шудаанд (биноҳои асри 17 ва бештар асри 18 маҳфуз мондаанд). Биноҳои динӣ асосан бо кӯшиши ордени иэзуитҳо (меъморон Ф. Лемер, Х. Краус, Аргентина Бланкӣ, Х. Б. Примолӣ, тарҳашон салибшакл) сохта мешуданд – дайрҳои Сан-Франсиско дар Санта-Фе (1680), калисо дар Кордова (1646 – 90, бо гунбази қутраш 10-метра, меъмор Лемер). Биноҳои ҷамъиятӣ дар услуби барокко (асри 18) ва класситсизм (асри 19), қасрҳои хусусӣ дар услуби модерн сохта шуда, минбаъд сохтмони корхонаҳои саноатӣ авҷ гирифт. Аз ибтидои асри 20 сохтани биноҳои бисёртабақа (меъморон Аргентина Вирасоро, Аргентина Вилямс, дар услуби конструктивизм) маъмул гашт. Гурӯҳи эҷодии «Аустрал» дар ҷустҷӯи шаклҳои меъмории одиву шинам буда, ба шаҳрсозии кишвар лоиҳаҳои ҷолиб пешкаш мекунад. Дар санъати тасвирии давраи мустамлика анъанаи аз Парагвай омадаи санъати кандакорӣ ва заргарии намояндагони қабилаи гуаранӣ мақоми махсус дошт. Нимаи асри 19 иртиботи маданию фарҳангии Аргентина бо Аврупо фаъолтар шуда, дар санъати тасвирӣ анъанаҳои романтизми франсавӣ (рассом Р. Монвуазен, ҳайкалтарош аз Италия К. Ромайроне) бештар зоҳир мешуд. Ҳамзамон анъанаҳои тасвиргарии маҳаллӣ ривоҷ меёфт (литографияи К. Морел, мусаввараҳои П. Пуэйредон, пайкараҳои Л. Корреа Моралес). Солҳои 1900 – 20 импрессионизм (Ф. Фадер, Р. Ируртия), примитивизм (Р. Солдӣ), кубизм (Э. Петторутӣ), абстраксионизм (Аргентина Сибеллино), чор­яки авв. асри 20 анъанаҳои неореализм (реализми нав – зодаи монументализми Мексика; Аргентина Берни, Л. Э. Спилимберго); дар давраи охир – поп-арт (Аргентина Бернӣ, М. Минухин), «санъати кинетикӣ» (Х. ля Парк), хулоса, тамоми ҷараёнҳои санъат дар осори эҷодкорони Аргентина инъикос гардидааст.
Дар маданияти мусиқии аргентинагиҳо жанрҳо ва шаклҳои хоси креолҳо (аввалин испаниҳо ва португалиҳои дар Аргентина маскуншуда) ва ҳиндиёни таҳҷоӣ инъикос ёфтааст: оҳанг ва рақсҳои анъанавии видала, сафра, тоно, эстило; аз жанрҳои замони нав – милонга, маламбо маъмуланд. Танго аз шакли нимфолклорӣ ба жанри мусиқии касбӣ табдил ёфт. Сози асосӣ гитара буда, аккордеон ва арфа низ дар истифодаанд. Аввалин намояндагони мусиқии кас­бӣ дар капеллаи Калисои ҷомеи кафедралии Буэнос-Айрес ва калисои «Ла Компания»-и Кордова таълим мегирифтанд. Дар меҳмонхонаҳо ва бошишгоҳҳои аристократияи маҳал­лӣ беҳтарин асарҳои мусиқии Аврупо иҷро мешуданд. Аввалин театрҳои мусиқӣ нимаи дуюми асри 18 кушода шуда, то охири асри 19 дар саҳнаҳои Буэнос-Айрес операи италиявӣ мав­қеъ пайдо кард ва дар он қариб тамоми операҳои классикии Аврупо гузошта шуданд. Дар охири асри 19 Буэнос-Айрес маркази ҷаҳонии дараҷаи аввали опера ҳисоб мешуд. Танҳо нимаи дуюми асри 19 аввалин композиторони касбии маҳаллӣ пайдо шуда (Ф. Харгрейвс намоёнтарини онҳо), дар мусиқиашон унсурҳои фолклори буниро бо шаклҳои академии европоӣ омезиш медоданд. Композиторони Аргентина солҳои 30 асри 20 ба ду гурӯҳ – ҷонибдорони равияи сирф миллӣ ва равияи модернистию космополитӣ ҷудо шуданд. Асарҳои дар охири асри 20 дар жанри танго эҷодкардаи Аргентина Пятс­сала (Пьяццала) машҳури ҷаҳон гардидаанд. Аргентина Хинастера бузургтарин композитори асри 21-и Аргентина ба ҳисоб меравад.
Аргентина 18 дар театри Аргентина дастаҳои балети ба сафари ҳунарӣ омада баромад мекарданд (масоли, «Жизел»-и Аргентина Адан, басаҳнагузорандагон Ж. Кораллӣ ва Ж. Перро). Гурӯҳи балетии соли 1925 ташаккулёфтаи таҳҷоӣ (роҳбараш Аргентина Р. Болма) дар бинои театри «Колон» машқ ва баромад мекард. Ҳунарпешагони санъати балети Россия аз соли 1910 дар саҳнаи ин театр зиёд баромад карда, ин ҳамкориро то имрӯз идома медиҳанд. Солҳои 1980 – 90 бисёре аз артистони балети Аргентина шӯҳратманд шуда, дар бузургтарин театрҳои ҷаҳон баромад мекунанд. Иҷрокунандагони «рақси модерн» ва рақсҳои миллии аргентинӣ, махсусан танго дар тамоми олам эътироф шудаанд. Аввалин пйесаҳои миллӣ – трагедияҳо, сайнетҳо (мазҳакаҳои мусиқии миллӣ) охири асри 18 навишта шудаанд. Репертуари театрҳои он давр асосан аз пйесаҳои испанӣ иборат буда, ҳамзамон асарҳои муаллифони миллӣ (Аргентина Моранте) ба саҳна гузошта мешуданд. Драматургони аргентинӣ дар замони диктатураи Х. Росан асосан дар муҳоҷират эҷод мекарданд. Нимаи дуюми асри 19, бо вуҷуди ба кор даромадани театрҳои зиёд, дар саҳна асосан ҳунарпешаҳои хориҷӣ ҳунармандӣ менамуданд. Солҳои 80 асри 19 театрҳои Аргентина ба романтизм ва тасвири ҳаёти табақаҳои поёни ҷамъият рӯ овардаанд. Шакли намоиши ба ном «театри гучо» (як навъи мелодраммаи романтикӣ) тараққӣ кард. Дар асри 20 санъати театрии Аргентина низ ба ду равия – реалистӣ ва авангардӣ тақсим шуда, бештар моҳияти тиҷоратӣ гирифт. «Театрҳои мустақил» ба анъанаҳои ҳаққонии театр, ба мавзӯъҳои миллӣ рӯ оварда аз таҷрибаи бойи театрҳои европоӣ ва системаи К. С. Станиславский бархурдор шуданд. Солҳои 60 дар театри Аргентина тамоюлҳои реализми нав ва «теат­ри абсурд» (театри мавҳум) зоҳир гашта, минбаъд ин соҳаи санъати Аргентина ба ҳаракати «Эҷодиёти дастҷамъӣ»-и Америкаи Лотинӣ, «Театри кушод»-и таъсисдодаи О. Драгун, умуман ба раванди демократикунонии театр пайваст. Машҳуртарин режиссёрон ва актёрони асри 20-и театри Аргентина: Аргентина Боэро, П. Аскинӣ, К. Горастис, Ф. Петронӣ, О. Грассо, Х. Гарсиа, Х. Сибериан, М. Лусиано ва дигарон. Театри Аргентина дар сафи пеши ин намуди санъати Америкаи Лотинӣ қарор дошта, Буэнос-Айресро «пойтахти театр» ва ҳаракати фестивалии ҷаҳон мешуморанд.
КИНО
Аввалин филми кӯтоҳметражи «Байрақи Аргентина»-ро соли 1897 оператори франсавӣ Э. Пӣ ба навор гирифт. Филми «Парондани Доррего» (1908, реж. М. Галйо) аввалин таҷриба буд дар соҳаи кинематорграфияи бадеӣ. Соли 1930 бори аввал филми овоздор рӯйи навор омад. Соли 1933 филми «Танго» (реж. Х. Моля Барт) бо иштироки ҳунармандони машҳур Либертад Ламарк, Т. Морелйо, Л. Сандрини ва К. Гардел ба навор гирифта шуд. Соли 1956 Ин-ти кинои миллӣ таъсис ёфт. Режиссёрони насли калонсол дар рӯҳияи реалистӣ фаъолияти хешро идома дода, филмҳои Демаре («Баъди сукут», 1956, «Сафра», 1959), Дел Каррил («Ин замини ман», 1960), Ф. Аяла («Пешво», 1958) эҷод шуданд. Аз миёнаҳои солҳои 80 санъати кинои миллии Аргентина рӯ ба тараққӣ ниҳод ва бештар филмҳои таърихӣ рӯи навор омаданд. Дар офаридани филмҳо доир ба тақдири занон нақши М. Луиса Бемберг бо филмҳои «Камила» (1984), «Хонум Мэрӣ» (1986), «Бадтарин зан» (1990) калон аст. М. Пинейро («Аспони ваҳшӣ», 1996), Аргентина Аристарайн («Мартини хурдӣ», 1997), «Ҷойи умумӣ», 2002), Х. Хосе Кампанеля («Писари арӯс», 2001) режиссёрони машҳури Аргентина ба ҳисоб мераванд. Дар Мар-дел Плата солҳои 1954 – 70 кинофестивалҳои байналхалқӣ гузаронда мешуданд (охиринаш соли 1996). Аз соли 1998 кинофестивалҳои байналхалқӣ дар Буэнос-Айрес баргузор мегарданд. Силсилафилмҳои телевизионии Аргентина дар шабакаҳои телевизиони Россия ва Тоҷикистон (дар тарҷума) намоиш дода мешаванд.

Беренис Беҷо, номинати Нақши дуюми беҳтарини занона (Оскар, ИМА) дар соли 2011.

Таҳиягари филми Рози чашмони онҳо барандаи Ҷоизаи Оскар.
Матбуот
Дар Аргентина матбуоти даврӣ хеле инкишоф ёфта, бештар мустақил аст. Рӯзе наз­дики 2 млн нусха рӯзнома (зиёда аз 349 номгӯй) нашр мешавад; машҳуртаринашон: «Clarin» (аз соли 1945), «La Nacion» (1879), «Cronica» (1963), «Financiero» (1976), «La Prensa» (1869).
Радио
Дар Аргентина 260 радиостансияи давлатӣ ва хусусӣ мавҷуд аст.
Намоишҳои телевизиониро панҷ шабакаи умумимиллӣ нишон медиҳанд. 22 музофот ва шаҳрҳои бузурги Аргентина пойгоҳҳои телевизионии худро доранд. Барномаҳои телевизионии Аргентина барои тамоми сокинони Америкаи Лотинӣ ва испанизабонони тамоми қитъаи Америка дастрас аст.
1 год назад
#
Абӯалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино ё Абӯ Алӣ Сино ё Ависенна, машҳур ба Абӯалӣ Сино (порсӣ: ابوعلى سينا; ) ё Ибни Сино, (16 августи соли 980, деҳаи Афшана наздики Бухоро — 18 июни соли 1037, Ҳамадон) — яке аз бузургтарин донишмандон ва пизишкони замони худ аст. Ҳамчунин ахтаршинос (астроном), кимиёшинос (химик), геолог, мантиқ, палеонтолог, риёзишинос (математик), табииётшинос (физик), шоир, равоншинос (психолог), файласуф, муаллим ва адиби бузурги форсу-тоҷик аст.

Вай беш аз 450 рисолаи илмӣ навиштааст, ки то замони мо танҳо 240-то аз он маҳфуз мондаанд. Ин рисолаҳо тамоми соҳаҳои илмро фароҳам гирифта, хусусан, 150-тояшон дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар дар илми пизишкӣ ҳастанд. Маъруфтарин асарҳои ӯ китобҳои «Ал-Шифо» ва "Қонун" ҳастанд, ки аз бузуртарин донишномаҳои илмӣ ва фалсафии ҷаҳон буда ва дар донишгоҳҳои Аврупо то асри 19 истифода бурда шудаанд.

Абӯалӣ Сино дар рушди илми тибсаҳми бениҳоят арзандае гузоштааст, ки аз таҷрибаҳои худ, илми пизишкии олими грек Гален, метафизикаи Арасту (Сино яке аз шарҳдиҳандагони асосии Арасту буд), илми пизишкии Форс, Байнаннаҳрайн ва Ҳинди қадима сарчашма гирифта, онҳоро ҳамҷоя андӯхтааст. Сино ҳамчу падари тибби замонавӣ ва фармакологияи клиникӣ ба ҳисоб меравад.

Вай боз асосгузори мантиқи Синоӣ, мактаби фалсафии Синоӣ аст. Ӯ ҳамчу падари мафҳуми фундаменталии физикии моменти ҷисм низ маъруф аст. Вайро ҳамчунин «падари геология» низ мешиносанд, ки дар қонуни суперпозицияи геологӣ саҳми арзанда гузоштааст.
Номи пурраи ӯ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино мебошад. Ӯ дар соли 980 дар деҳаи Лақ-Лақа (Афшонаи ҳозира), дар шаҳри Бухоро дар оилаи форс ба дунё омадааст. Падари ӯ Абдуллоҳ олими исмоилии баобрӯе аз Балх буда дар дарбори подшоҳ кор мекард. Номи модараш Ситора буд. Дар ҳини зодрӯзи Ҳусайн падараш ҳамчу ҳокими яке аз вилоёти амири Сомониён Нӯҳи II ибни Мансур кор мекард. Аз ин рӯ писарашро дар мактабҳои беҳтарини Бухоро хонондааст. Ибни Сино ки ҳофизаи қавӣ ва ақлу тамизи бениҳоят дошт, ки дар синни чаҳордаҳсолагӣ тавонистааст аз муаллимони худ гузар кунад. Дар тарҷумаи ҳоли худ ӯ меоварад, ки дар ҳаждаҳсолагӣ дигар барояш ҳеҷ чизе намонда буд, ки омӯзад.
Абӯалӣ ибни Сино 980-1037. Яке аз бузургтарин нобиғаҳои ҷаҳонӣ дар ҳамаи давру замонҳо, олими забардасти тоҷик Абӯалӣ ибни Сино буд, ки дар охири асри X ва аввали асри XI зиста дар соҳаҳои ниҳоят гуногуни илм, хусусан дар инкишофи фалсафа ва тибби дунё саҳми босазое гузоштааст. Вай парвардаи муҳити фарҳангии Сомониён буд. Вале қисми зиёди умри Абӯалӣ ибни Сино баъди пош хурдани давлати мутамаркази давлати Сомониён дар гирдоби ҳодисаҳои мудҳиши нимаи аввали асри XI сипарӣ гардид. Ӯ гоҳ чун табибу файласуф, баъзан ба сифати фақеҳу вазир, ҳатто замоне чун маҳбуси зиндони ҳаёт умр ба сар бурд, чун надими хоси подшоҳону маликон низ рӯзгор гузаронидааст. Аммо ӯ лаҳзае аз омӯзиш ғафлат наварзида, аз пажӯҳиш ва корҳои илмӣ фориғ набуд.

Баръакси бисёр бузургони гузашта, ки аз зиндагии онҳо маълумоти аниқе дастрас нест, санаҳои зиёде аз рӯзгори Абӯалӣ ибни Сино маълум аст. Рӯзгор ва саргузашти Сино ба дасти шогирди вафодораш Абуубайди Фақеҳии Ҷузҷонӣ имло шудааст. Воқеаву ҳодисаҳои 25 соли охири умри Синоро Абуубайд, ки ҳамеша ҳамроҳи устод ва шоҳиди рухдодҳо буд, навиштааст, ки ин имло ва навишта бо номи «Рисолаи саргузашт» маълум буда, дар асли арабӣ ва тарҷумаҳо ба забонҳои гуногун чандин бор ба табъ расидааст. Падари Абӯалӣ Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино ном дошт ва аслан аз аҳли Балх буд. Вай дар замони Нӯҳ ибни Мансур (976-997) ба Бухоро омада, дар деҳаи Афшана (Рометани имрӯза) ба кори мулкӣ шуғл варзид. Вай дар деҳаи Афшана бо Ситорабону ном деҳқондухтар хонадор шуд. 18-августи соли 980 дар ин оила писаре ба дунё омад, ки ӯро Ҳусайн ном ниҳоданд. Соли 985 оилаи Ибни Сино, вақте ки ӯ ба синни панҷсолагӣ мерасад, аз Афшана ба Бухоро кӯчид. Абдуллоҳ, ки аз шахсони фозил ва маърифатдӯст буд, Ҳусайнро ба мактаб монд. Вай аз синни 5-солагӣ то 10-солагӣ дар мактаб хонда, хату савод баровард, сарфу нахви забони арабиро омӯхт, илмҳои адабро аз худ кард. Ба илмҳои адаб, яъне адабиёт, бар замми сарфу нахв хаттотӣ, маъонӣ, қироат, арӯз, қофия, луғат, имло, услубшиносӣ ва амсоли инҳо дохил мешуданд. Ниҳоят Ҳусайн Қуръонро омӯхта онро ҳифз намуд.

Минбаъд Ибни Сино лақаби Шайхро гирифт, зеро хар кассе, ки Қуръонро аз ёд мекард ӯро сарфи назар аз синну солаш шайх мегуфтанд. Сипас Абдуллоҳ писари худро аз мактаби ибтидоӣ гирифта, назди муаллимони хусусӣ гузошт, ки онҳо асосҳои илмро ба ӯ омухтанд. Ибни Сино аз ҷиҳати ҷисмонӣ бенуқс, дар ҳусну хулқ зебо буда, зеҳни бурро ва истеъдоди баланд дошт, ки аз ин омӯзгорон ба ҳайрат мемонданд. Дар он овон Ҳусайнро падараш назди Абдуллоҳи Массоҳ, ки аз донишмандони соҳаи ҳисобу ҳандаса буд, ба шогирди гузошт. Ибни Сино аз устодаш дар андак вақт ҳисобу ҳандасаро омӯхта, дар омӯзиши ин илм муваффақ шуд. Бар замми ин Ибни Сино дар назди Исмоили Зоҳид ду сол ба омӯхтани тафсири Қуръон, ҳадиси пайғамбар ва фиқҳ мепардозад. Ба ҳамин тариқ, ӯ то 12 солагӣ дар тафсир, ҳадис ва фиқҳ маҳорат пайдо кард. Вай ҳамеша чун беҳтарин толибилм эътироф мегашт. Шеваи баҳс, одоби музокира, тарзҳои эътироф ба ҳариф ва ҳусни муҳовараро нағз омӯхта буд. Истиқлоли фикр, вусъати андеша ва бодалел сухан рондан хоси ин навчавони дар роҳи илм пешрав буд. Дар масъалаҳои маслаку мафкура у истиқлоли худро ҳатто аз падари хеш ҳам нигоҳ медошт. Баъди фаро гирифтани маълумоти миёна Ибни Сино аз пайи такмили донишу маърифат гашт.

Ибни Сино то 15-солагӣ илмҳои табииёт, илоҳиёт, фалсафа, ҳикмати илоҳӣ, нуҷум, мусиқии назарӣ, геометрия, математика ва амалиро мустақилона омӯхта, дар 16-солагӣ ба омӯхтани илми тиб машғул шуд.

Абӯалӣ илми тибро аз Абумансур Ҳасан Камарии Бухороӣ, ки табиби дарбори Нӯҳ ибни Мансур буд, омӯхт. Аслан омӯзиши илми тибро у дар 12-солагӣ шурӯъ карда буд, вале ба маслиҳати Абусахли Масеҳи аз идомаи таҳсил худдорӣ намуда, чанде таваққуф намуд. Ба ҳамин тариқ, Абӯалӣ дар 16-солагӣ чун як табиби ҳозиқ дар тамоми Бухоро шинохта шуд. Ҳамчунин ба такмили дониши худ дар соҳаи илми фиқҳ, мантиқ, фалсафа, табиатшиносӣ, риёзиёт ва илми илохӣ баргашта, дар муддати якуним сол донишу малакаи худро дар ин самт мукаммал намуд. Абуалӣ шахси ниҳоят пуркор, ҷидди ва меҳнатдӯст буд. Нафақат ақли расо ва қобилияти баландаш боиси пешрафти илми ва маънавии ӯ мешуд, балки кӯшиши амиқ, сабру тоқат ва ҷаҳду талошҳояш низ воситае буд, ки пирӯзӣ ва комёбиҳои маънавии ӯро таъмин мекард. Доир ба таҳсили илм мегуяд:

«Ягон шаб пурра нахуфтаам ва рӯзона ба ҷуз омӯхтани илм ба коре машғул нашудаам».

Абӯалӣ то 18-солагӣ тамоми донишҳои расмӣ ва ғайри расмии замони худро фаро гирифта, пешсафи бузургтарин олимони маъруфи давр эътироф гардид. Шайхурраис худ эътироф мекунад:

“Чун ба 17-солагӣ расидам, аз омӯхтани ҳамаи ин илмҳо фориғ шудам. Он рӯз дар илм беҳтарин ҳифзкунанда будам, имрӯз пухтатар шудам, вагарна илм як хел буда, аз он чизе дар ман дигаргун нашудааст ”.

Абуали ибни Сино ҳак дошт, ки он вақт бигӯяд:

« 'از قعر گل سیاه تا اوج زحل
کردم همه مشکلات گیتی را حل
بیرون جستم زقید هر مکر و حیل
هر بند گشاده شد مگر بند اجل
'
Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
»
Абӯалӣ дар ҷаҳон аз пурмаҳсултарин олимон ва адибон эътироф гаштааст. Фаъолияти эҷодии вай аз 17-18 солагиаш дар солҳои 996-997 шурӯъ шуда, расо 40 сол давом кардааст. Ӯ осори насриву назмиашро ҳам ба арабӣ ва хам ба тоҷикӣ эҷод кардааст. Сабаби бисёре аз асарҳои худро ба забони арабӣ навиштани Абӯалӣ он аст, ки забони арабӣ дар он замон ҳамчун забони илму маданият шинохта шуда буд. Ҳамчунин китобҳои зиёди илмию ахлоқии юнонӣ, ибронӣ, ҳиндӣ ва паҳлавӣ ба забони арабӣ тарҷума шуда, истилоҳоте, ки мафҳумҳои илмиро ифода мекарданд, дар ин забон устувор гардида буданд. Забони арабӣ барои ҳамаи донишмандони асрҳои X-XI фаҳмо буда, дарси мадрасаҳо ба ин забон мегузашт. Осори Абӯалӣ ниҳоят зиёд аст. Аз рӯйи тадқиқ ва ҳисоби донишманди машҳури эронӣ Саид Нафисӣ (1896-1966) миқдори асарҳои Абӯалӣ, ки алҳол маълум шудааст, ба 456 мерасад. Дар китобхонаҳои давлатӣ ва шахсии олам 162 асари у нигоҳ дошта мешавад. Аз ҷумла 23 асари вай бо забони модариаш, яъне тоҷикӣ эҷод шудааст. Ҳамчунин як миқдор шеърҳои тоҷикии Абӯалӣ низ ба замони мо расидаанд. Асарҳои Абӯалӣ аз ҷихати ҳаҷм хеле гуногун буда, аз рисолаҳои мухтасар то асарҳои чандинҷилда иборат мебошад. Асари «Китобулинсоф», ки аз байн рафтааст, дар 20 ҷилд, «Алҳосил вал маҳсул» дар 20 ҷилд, «Китобушшифо» дар 18 ҷилд, «Лисонулараб» дар 10 ҷилд, «Ал-Қонун» дар 5 китоб, «Наҷот» дар 3 ҷилд эҷод шудаанд. Кулли ин осор, ки зикрашон рафт, дар инкишоф ва такомили улуми мавҷуда нақши сазовор гузошта, то кунун ба арзиши бузурги таърихӣ, маданӣ ва илмӣ моликанд. Тамоми асарҳои ӯро метавон ба 4 гуруҳ тақсим кард:

1. Асарҳои доир ба ҳикмат, фалсафа ва ахлоқ ва мантиқ.
2. Асарҳо оид ба тиб.
3. Асарҳо доир ба илмҳои дақиқ.
4. Асарҳо роҷеъ ба забону адабиёт ва санъат.
Бисёре аз асарҳои Сино танҳо роҷеъ ба як соҳа ихтисос наёфта, балки чандин илмро фаро мегиранд. Масалан «Донишнома» аз бобҳои Мантиқ, Илоҳиёт, Табииёт, Ҳайат ва Мусиқӣ таркиб ёфтааст.
Дар таърихи адабиёти форсу тоҷик Ибни Сино ҳамчун шоири ориф эътироф гашта, муҳимтарин қисмати осори адабии ӯро шеърҳо ташкил медиханд. Қасида ва ғазалҳои шоир тасаввуфи ва ахлоқианд. Вале рубоиҳои Сино шоирона садо додаанд. Афкори ҳикматомузӣ шоир дар ашъораш ба таври равшан инъикос шуда, муносибати иҷтимои ва шахсияти шоирро рунамо месозанд. Намунаи рубоиёти Сино, ки роҷеъ ба масоили иҷтимои ва ахлоқӣ эҷод шудаанд, манзур мегардад:

« Эй кош, бидидаме, ки ман кистаме?
Гар муқбилам, осудаву хуш зистаме.
Саргашта ба олам аз пайи чистаме?
Варна ба ҳазор дида бигристаме! »

« Бо ин ду-се нодон, ки чунин медонанд,
Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон эшонанд.
Хар бош, ки ин чамоа аз фарти хари,
Ҳар к-у на хар аст, кофираш мехонанд. »

« Дар пара сухан нест, ки маълум нашуд,
Кам монд зи асрор, ки мафхум нашуд.
Дар маърифаташ чу нек фикре кардам,
Маълум шуд, ки хеч маълум нашуд. »

« Хак-чони ҷаҳон асту ҷаҳон чумла-бадан,
Ачноси малоика – хавоси ин тан.
Ачром – аносиру маволид – аъзо,
Тавхид хамин асту дигархо хама –фан. »

« Эй зоти ту мар вучудро буда асос,
Ҷуз зоти ту нест хеч кас зотшинос.
Касро ба камолу кунхи зотат ах нест,
Бар феъли ту мекунад зоти ту киёс. »

« Ҳар ҳайату ҳар нақш, ки шуд маҳв кунун,
Дар махзани рӯзгор гардад махзун.
Рафт он гуҳаре, ки буд пирояи умр,
В-овард замона токи сармояи умр. »

« Эй нафс ки бастаи ҳавои ҳаваси,
Биштоб, ки дар ҳимояти як нафаси.
Дунё маталаб, чоҳ маҷӯ, ишва махар,
К-аз дӯст бароиву ба душман бираси. »

« Дил гарчи дар ин бодия бисёр шитофт,
Як муй надонист, вале муй шикофт.
Андар дили ман ҳазор хуршед битофт,
В-охир ба камоли заррае рох наёфт. »

« Бо ҳар хасе зи руи ҳаво дӯсти мадор,
Дар куи мардумон зи паи дӯсти мапуи.
Гар боядат, ки кам нашавад обруи ту,
Фармону ихтилоти фурумоягон маҷуй, »

« Куфри чу мане газофу осон набувад,
Маҳкамтар аз имони ман имон набувад.
Дар даҳр чу ман якеву он ҳам кофир,
Пас дар ҳама даҳр як мусулмон набувад »
Абӯалӣ Сино
порсӣ: ابوعلی حسین بن عبدالله بن حسن بن علی بن سینا
Avicenna-miniatur.jpg
Санаи таваллуд:
11 август 980
Зодгоҳ:
Афшона, Ӯзбакистон или Бухоро, Ӯзбакистон
Санаи марг:
12 июн 1037 (56 сол)
Маҳалли марг:
Ҳамадон, Бахши марказӣи шаҳристони Ҳамадон, Устони Ҳамадон, Эрон
Мамлакат:
Давлати Сомониён
Зиёриён
Муҳити илмӣ:
Пизишкӣ, aromatherapy[d], фалсафа, Мантиқ, Ilm al-Kalam, шеър, заминшиносӣ Физика, Равоншиносӣ ва ахтаршиносӣ
1 год назад
#
Идҳои расмӣ дар Тоҷикистон
1 январ — Соли нави мелодӣ
23 феврал — Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
8 март — Рӯзи модар
21 — 24 март — Иди байналмилалии Наврӯз
1 май — Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон
9 май — Рӯзи Ғалабaи халқҳо дар ҶБВ (1941-1945)
27 июн — Рӯзи ваҳдати миллӣ
9 сентябр — Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
5 октябр — Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
6 ноябр — Рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
24 ноябр — Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иди Рамазон — 1 рӯз- ҳар сол (мутобиқи тақвим)
Иди Қурбон — 1 рӯз — ҳар сол (мутобиқи тақвим)
Иди Меҳргон
Иди Сада
1 год назад
#
Саразм исботи мавҷуд будани робитаҳои тиҷоратӣ ва фарҳангии байни кӯчманчиёни чорводор ва зироаткрони Осиёи Марказӣ мебошад. Ёдгории давраи энеолити Саразм дар наздикии ш. Панҷакент ҷойгир аст. Ҳаёт дар маскангоҳ ба чор давра ҷудо гашта аз ҳазорсолаи IV — то ҳазорсолаи II то мелодро дарбар мегирад. Инчунин, боз 16 номгӯй ёдгориҳои таърихӣ — фарҳангии Тоҷикистон — ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дар соли 2012 ворид шудаанд.
1 год назад
#
Ачдодони тоҷикон аз қадимулайём дар сарзамини ҳозираи Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна сукунат доштанд. Соли 1980 дар вилояти Кӯлоб, наздикии Ховалинг ҳангоми ҳафриёти археологй бозёфтҳое ба даст омаданд, ки далели ҳанӯз ним миллион сол пеш дар замини Тоҷикистон зиндагй кардани одамони ибтидой буданд. Дар кӯҳсори Тоҷикистон ёдгориҳои давраи мезолит ва неолит ёфт шуданд. Ду қабати поёнии мадании бошишгоҳи Тутқавул, наздикии Норак (ҳазораҳои Х-VII то мелод) ба давраи мезолит мансубанд. Ҳанӯз дар асри санг маскуншавии баландкӯҳҳо, аз чумла Помир оғоз мегардад. Дар Помири шарқй дар баландии 4200 метр аз сатҳи баҳр қароргоҳи шикорчиёни кӯчманчй — Ошхона ифтитоҳ гардид. Дар мағораи Шахта тасвирҳои рӯисангии мансуб ба неолити ибтидой ёфт шуданд. Дар онҳо ҳайвоноти тирхӯрда ва шикорчиён тасвир шудаанд.Барои кӯҳсор ва доманакӯҳҳои Тоҷикистон маданияти давраи неолит хос буд, ки он Маданияти Ҳисор номида шудааст. Намояндагони ин маданият, ба ақидаи баъзе олимон, бо чорводорию зироаткорй машғул буданд. Айни замон шикор дар хоҷагии онҳо нақши калон мебозид. Дар маҳалли биёбонии Қайроққум, шимоли Тоҷикистон боқимондаҳои сершумори қароргоҳҳои аҳди биринчй таҳқиқ шуданд. Аксари онҳо ба охири ҳазораи III ва аввали ҳазораи II то аз мелод мансубанд. Намояндагони маданияти қайроққуми аҳди биринчй асосан бо чорводорй машғул буданд, вале айни замон аз зироату кори маъдан — пӯлодгудозию кулолй низ огоҳй доштанд. Дар ҷануби Тоҷикистон, дар поёноби дарёи қизилсу, Вахш ва Кофарниҳон маданияти дигар, маданияти бишкентии аҳди биринчй бо зироаткорй, қароргоҳҳои мустаҳкам, дарачаи баланди истеҳсоли сафолот вусъат ёфта буд. Ин маданият ба ёдгориҳои аҳди биринчии Туркманистони ҷанубй ва Осиёи ҷанубу ғарбй наздик аст.

Дар нимаи аввали ҳазораи I то мелод ачдодони тоҷикони ҳозира — бохтариҳову суғдиён аҳолии асосии давлатҳои қадимтарини ғуломдории Осиёи Миёна — Бохтар ва Суғд буданд. Бохтар қисмҳои марказй, ҷанубй ва шарқии Тоҷикистони ҳозира (ҷануб ва ҷанубу шарқтар аз қаторкӯҳҳои Ҳисор) ва Суғд — ҳавзаи Зарафшон, Қашқадарё ва музофоти шимолии қаторкӯҳҳои Ҳисорро фаро мегирифтанд. Аҳолии қадимаи водии Фарғона (музофоти Даван), ҳамчунин қабилаҳои сершумори кӯчманчй ва нимкӯчманчии сакоиҳо — сокинони Помир, Тиёншон ва Сирдарё ачдодони тоҷикон буданд. Забони ин кавмҳо ба шохаи шарқии гурӯҳи забонҳои эронй тааллуқ дошта, аз забони тоҷикии дертар ташаккулёфта фарқ мекарданд. Дар асри VI пеш аз мелод шоҳ Куруш Бохтар ва Суғдро забт намуда, онҳо ба давлати форси ҳахоманишиён дохил мегарданд. Дар асри VI пеш аз мелод онҳо як қисми давлати Искандари Мақдунй шуда, аз асри III пеш аз мелод ба давлати ворисони ӯ — салчуқиҳо дохил мегарданд. Баъдтар аз он салтанати Юнону Бохтар чудо мешавад. Миёнаҳои асри II пеш аз мелод дар натичаи муборизаи озодихоҳонаи бохтариҳову суғдиён ҳокимияти мақдуниҳо дар Юнону Бохтар сарнагун мешавад. Тохариҳои ба Бохтар якчоя бо қабилаҳои массагетҳову сакҳо омада дар озодкунии мамлакат ва ҳаёти минбаъдаи сиёсй нақши калон бозиданд. Аз асри IV сар карда Бохтар Тохаристон номида мешуд. Тохариҳо чун чузъи асосй ба халқияти нав ташаккул ёфтаистодаи тоҷикон дохил мегарданд. Сипас Тохаристон якчоя бо қисми зиёди Осиёи Миёна, қаламрави Афғонистони ҳозира ва Ҳиндустони шимолй дар ҳайати давлати бузург бо сарварии сулолаи кӯшониён буд. Ин замони нашъунамои иқтисодиёту маданият, ривочёбии алоқаҳо бо Аврупои шарқй, Рум, Чин ба ҳисоб меравад. Ёдгориҳои бостоншиносии замони кӯшониён пайвастани санъати осиёмиёнагй, юнонй ва ҳиндиро инъикос менамоянд.