Предмет ва методҳои омӯзиши фанни ҳуқуқи инсон

Илми ҳуқуқи инсон баъди омӯзишу тадқиқи адабиёти ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон[1] пешниҳод гардидааст.

Мафҳуми предмети ҳуқуқи инсон ва илми ҳуқуқи инсон. Предмети илми ҳуқуқи инсон яке аз арзишҳои олии тамаддуни инсонӣ – ҳуқуқи инсон мебошад. Илми ҳуқуқи инсон ҳуқуқу озодиҳои инсонро на танҳо ҳамчун зуҳуроти ҳуқуқӣ меомӯзад, балки алоқамандии онҳоро бо сиёсат, ахлоқ, фалсафа, дин ва дигар илмҳои ҷамъиятӣ мавриди тадқиқ қарор медиҳад.

Методҳои омӯзиши фанни ҳуқуқи инсон. Дар зери мафҳуми методҳои омӯзиши фанни ҳуқуқи инсон он роҳу восита ва тарзу усулҳое фаҳмида мешавад, ки тавассути онҳо предмети фанни ҳуқуқи инсон омӯхта мешавад. Методҳои омӯзиши фанни ҳуқуқи инсон ба намудҳои зерин ҷудо мешаванд: методҳои умумӣ ва методҳои махсус. Ба методҳои умумии омӯзиши фанни ҳуқуқи инсон инҳо дохиланд: методи диалектикӣ, методи материалистӣ, методи таърихӣ, методи мантиқӣ, методи эҳтимолият, методи эмпирикӣ, методи ратсионалӣ, методи низомнокӣ, методи қиёсӣ, методи мушаххаси сотсиологӣ, методи оморӣ, методи психологӣ, методи мушоҳидавӣ, методи анкетӣ ва ҳоказо. Ба методҳои махсуси омӯзиши фанни ҳуқуқи инсон инҳо дохиланд: методи расмӣ-ҳуқуқӣ, муқоисавӣ-ҳуқуқӣ, низомӣ-таркибӣ, шаклӣ-ҳуқуққӣ, таҳррезии ҳуқуқӣ, мушоҳидаи ҳуқуқӣ ва ҳоказо.

Вазифаҳо ва аҳамияти омӯзиши фанни ҳуқуқи инсон. Вазифаҳои омӯзиши фанни ҳуқуқи инсон инҳо мебошанд: баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии донишҷӯён дар соҳаи ҳуқуқи инсон; тарбияи ҳисси эҳтиром ба инсон, ҳуқуқҳои ӯ ва қадру қиммати он; тайёр намудани заминаҳои амалигадонии ҳуқуқу озодиҳои эътирофшудаи конститутсионӣ ва байналхалқӣ; расонидани ёрии касбии педагогӣ ба шаҳрвандон ҳангоми гирифтани донишҳо оиди ҳуқуқи инсон; коркарди малакаҳои мустақилонаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои худ аз тамоми бесарусомониҳо, мусоидат намудан дар гирифтани боварӣ дар рафти ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худ дар баҳсҳо бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони сеюм.

[1] Ниг.: Права человека: Учебник для вузов. / Отв. ред. чл.-корр. РАН, д.ю.н. Е.А. Лукашева. – М.: Норма, 2004. – С. 1-11; Права человека: учебник. / А.Н. Головистикова, Л.Ю. Грудцына. – М.: Эксмо, 2006. – С. 9-22; Холиков А.Г., Диноршоев А.М. Права человека: Учебник для вузов. / Под ред. д.ю.н., проф. Холикова А.Г. – Душанбе, 2009. – С. 8-31 ва ғ.

Comments are closed, but trackbacks and pingbacks are open.